БЕДОРИИ МИЛЛӢ ВА ҲИССИ БАЛАНДИ ВАТАНДОРӢ

194

Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи ҷонӣ ба ҳисоб рафта, бояд дар азму иродаи онҳо доим такомул дода шаванд.

Ҳисси ватандустӣ, омилҳои муҳимми давлату давлатдорӣ буда, дар ҳадди тавсифшуда ва дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд наомадаанд. Тақозои замон аст, ки кишварҳои рӯ ба рушд, миллӣ ва тозаистиқлол барои ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва анъаноти ниёгони худ дар замони шадиди бархурди тамаддунҳо шаҳрвандони худ ва бахусус насли ҷавони мамлакати худро аз хатарҳои навини ҷаҳонӣ эъмин нигоҳ доранд. Ин маҳз тавассути тарбияи ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва дӯстдориву муҳаббат нисбат ба таърихи бойи сарзамини аҷдодӣ метавонад амалӣ гардад.

Дар шароити ноустувори сиёсии замони муосир, ки манфиатҳои геополитикиву сиёсии абарқудратҳо дар минтақа ва ҷаҳон бархурд мекунанд, маҳз ватандӯстӣ ва тарбияи он дар замири шаҳрвандон метавонад, амнияту осоиштагӣ, оромиву тинҷӣ ва бехавфии кишварро таъмин кунад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад. Бо татбиқи Қонун “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” пояҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ, амнияту суботи сартосарӣ устувор монда, масоили ҷойдоштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ марҳила ба марҳила бартараф, ҳадафҳову нақшаҳои стратегӣ ҳосил ва кишвари мо дар қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон пешрафта мегардад.

Зимнан, бояд амиқ дарк созем, ки аҷдодони мо аз таърихи дур миллати ватандӯсту ватандор буданд ва дар ҳама ҳолат барои ҳифзи амнияту сулҳу осоиштагии Ватани худ мубориза мебурданд. Моро зарур аст, ки бо пайравӣ аз гузаштаи худ асолати таърихии хешро зинда нигоҳ дошта, ватандӯсту хештаншинос бошем. Дар ин раванд зиёиёни мамлакатро низ зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур пешсафӣ нишон дода, барои мардуми кишвар намунаи беҳтарини ибрат бошанд.

Ҳисси ватандустӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан ҳам мафҳумҳое мебошанд, ки дуюмбора қувваи зинда пайдо намуда, дар азму иродаи аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон бо талошҳои зиёд ҷойгир ва мустаҳкам карда шуданд. Президенти кишвар таъкид намудаанд: “Миллате, ки худро намешиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром намегузорад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад”. Ҳамин ҳисси ватандустӣ буд, ки миллати мо ба ҳеҷ як мушкилӣ нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуд. Аз ин рӯ, тарғиби ҳамешагии ин мафҳумҳо барои насли ҷавони кишвар хеле зарур ва аҳамиятнок мебошад. Таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандустӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллиро Сарвари давлат вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат меҳисобанд.

Бояд тазуккур дод, ки ҳамасола дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафҳумҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ, худшиносиву худогоҳиро ба таври васеъ истифода намуда, муҳиммияти ин вожаҳоро дар таҳким ва тақвият додани давлатдории миллӣ нек арзёбӣ менамояд. Аз ҷумла Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: “Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди одӣ сар карда то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносиимиллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад”.

Вобаста ба ин соли 2022 бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон” омода карда шуд ва он 24 декабри соли 2022 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқи расмии худро ёфт. Муқаддимаи қонуни мазкур қайд мекунад, ки ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат аз мақсадҳои асосии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва сар задани хатарҳои мухталиф, аз қабили бархурди тамаддунҳо, нестшавии фарҳангҳо, ҷангҳои иттилоотӣ ва амсоли ин, бояд аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” огоҳ бошад. Зеро ин қонун ба ҳар яки мо моҳияти аслии Ватан ва ватандӯстиро шарҳ медиҳад. Дар маҷмуъ, Ватандӯстӣ ҷомеаро барои ҳалли мушкилоти беруна, яъне муқовимат ба хатарҳои беруна, инчунин барои ҳалли мушкилоти дохилӣ муттаҳид менамояд. Ватандӯстии шаҳрвандон дар ҳалли мушкилоти кишвар нақши калидӣ дошта, пояи ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеаро таъмин менамояд.

АБДУЛМУМИНЗОДА Н.А.,декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ