Кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ

Таърихи  кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ

Кафедраи “Кибернетика ва иқтисоди рақамӣ” таърихи ғанӣ дошта, соли 1973 бо номи “Кибернетикаи иқтисодӣ” ташкил шудааст.

Кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ яке аз калонтарин кафедраҳои факултети баҳисобгирӣ ва иқтисодӣ рақамӣ буда, аз рӯи ду самт: усулҳои риёзӣ дар иқтисодиёт ва иқтисоди рақамӣ мутахасисони дараҷаи бакалавр, магистр ва докторантони PhD- доктор аз рӯи ихтисоси “Методҳои математикӣ ва инструмкенталии иқтисодиёт”-ро тайёр менамояд.

Аввалин мудири кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ дотсент, н.и.и. Каримов Ғуфрон Юсупович аз соли 1973 то соли 1983 буданд. Он вақт дар кафедра як дотсент ду, муаллими калон  ва ду ассистент фаъолият мекарданд.

  1. Мудирони кафедра

Соли 1973-1983- н.и.и., дотсент  Каримов Ғуфрон Юсупович

Соли 1983-1997- н.и.ф.м., дотсент  Умаров Файзулло

Соли 1997-2002- н.и.и., дотсент  Содиқова Меҳрӣ Олимовна

Соли 2002-2011- н.и.ф.м., дотсент  Ҷобиров Абдуҷаббор Қаҳрович

Соли 2011-2012- д.и.и., профессор Ҷӯраева Адолат Орифовна

Соли 2013-2018 н.и.и., дотсент  Бобоева Розиямо Мансуровна

Аз соли 2018 то ҳол н.и.и., дотсент Табарзода Орифҷон Сайдалӣ

Соли 2001 кафедраи «Кибернетикаи иқтисодӣ» бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ба «Риёзиёт дар иқтисодиёт» ивази ном карда, соли 2011 номи аввалаи кафедра – «Кибернетикаи иқтисодӣ» боз барқарор карда шуд.

Соли 2020 дар асоси «Консепсияи иқтисоди рақамӣ», ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018  таҳия шудааст, дар назди кафедра ихтисоси иқтисоди рақамӣ таъсис дода шуда номи кафедра ба «Кибернетика ва иқтисоди рақамӣ» иваз карда шуд.

Аз давраи ташкилёбии кафедра то ба имрӯз устодони шинохта: профессорон М. Илолов, Ф. Мирзоахмедов, М. Юнусӣ, Ҷурабоев Ғ.Д., дотсентон Ф. Умаров, Ф. Одинаев, И. Обидов, М.О. Содиқова , Ш.М. Тоиров, М.М. Алимова,  М.Собиров омӯзгорон А.Г. Мавропулло, О. Ҷумаев, В.И. Ким, А. Қодиров, А. Ҳамроқулов, Ф.О. Одинаев,  Р. Олимшоев ва И. Муллоҷонов кору фаъолият намудаанд.

Ҳоло дар кафедра як доктори илм, 5-номзади илм, дотсент, 3- номзади илм – муаллими калон, 4-муаллими калони беунвон фаъолият менамоянд:

Инҳо доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҷӯраева А.О., дотсентон: Ҷобиров Ҷ.Қ., Муллоҷонов И., Бобоева Р.М., Ҳакимова М.Ф., Табарзода О.С., н.и.и., муаллимони калон: Соҳибов Ғ.О., Ҳофизов Ҳ.А., Алимардонов Т.А., муаллимони калон: Хоҷабекова М.Қ., Ашуров М.Н., Сатторов А.Ҷ., Таибов О.Р. ва асисстент Маҳмадназарова Ф.М. мебошанд.

Дар айни замон сатҳи устодони унвондор дар кафедра 69 фоизро ташкил медиҳад. Кафедра дар самти илмӣ – тадқиқотии и зерин ба корҳои таҳқиқотӣ машғул аст:

РАВИЯИ НАЗАРИЯВИИ КОРИИ ИЛМӢ – ТАҲҚИҚОТИИ КАФЕДРА: «МАСОИЛИ ИЛМӢ-МЕТОДОЛОГИИ МОДЕЛСОЗИИ РАВАНДҲОИ ИҚТИСОДӢ-ИҶТИМОӢ ВА ТАБИӢ ДАР ЗАМИНАИ РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ».

Мавзӯъ: Моделсозии равандҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва муаммоҳои рақамикунонии иқтисодиёт.

  • Дар давраи ҳозира кафедра дорои тахассусҳои зерин аст:
  • Шифри ихтисос: 1- 31030601- Кибернетикаи иқтисодӣ

Тахассус: математик-иқтисодчӣ

  1. Шифри ихтисос: 1-25011026 – Иқтисоди рақамӣ

Тахассус: иқтисодчӣ-информатик

Хатмкунандагони донишгоҳ аз рӯи ихтисоси номбурда дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат кору фаъолият карда метавонанд.

  • Ба хатмкунандагон тахассуси зерин дода мешавад:
  • дар  сатҳи бакалавр: бакалаври кибернетикаи иқтисодӣ;

бакалаври иқтисоди рақамӣ;

  • дар сатҳи магистр: магистри кибернетикаи иқтисодӣ;

магистри иқтисоди рақамӣ

  • Ҷои кори хатмкунандагони ихтисосҳои кафедра:

Иқтисодчӣ – лоиҳасоз, мутахассис- таҳлилгари бозори меҳнат, мутахассиси самаранокии кори муассиса, мутахассис доир ба усулҳои васеъкунии бозори фурӯш, мутахассиси таҳлилкунандаи тадқиқоти бозори мол, иқтисодчии молиявӣ, мушовири масъалаҳои иқтисодӣ, ходими илмӣ, сардори шӯъбаи системаи автоматикардашудаи идоракунии истеҳсолот, роҳбари иқтисодиёт ва омӯзгор.

  • Хатмкунандагон аз рӯи касб корҳои зеринро иҷро карда метавонад:

Таҳлилкунии системаҳо ва объектҳои иқтисодӣ, тартиб додани модели риёзии объекти иқтисодӣ, тартиб додани алгоритми ҳалли масоли иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз рӯи алгоритм тартиб додани программаи мувофиқ ва истифодаи пакети барномаҳои амалӣ барии технологияи компютерӣ дар соҳаи фаъолияти касбӣ.

  • Фанҳои дар ихтисосҳои кафедра хондашаванда:

6.1. Фанҳое, ки дар ихтисоси иқтисоди рақами хонда мешаванд

1 Системаҳои Идоракунии Хазинаи маълумотҳо (Big Data)
2 Технологияи рақамии системаи андоз
3   Криптоиқтисод ва технологияи блокчейн
4   Асосҳои иқтисоди рақамӣ
5   Усулҳои пешгӯии равандҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ
6   Воситаҳои пулии рақамӣ
7   Технологияи ҳушманд (Smart-технология)
8   Усулҳои риёзӣ дар иқтисодиёт ва моделсозии компютерӣ
9   Таваккали иқтисоди рақамӣ
10   Эконометрика
11   Амнияти иттилоотӣ ва кибербехатарӣ
12   Саноати рақамӣ (Индустрия 4.0)
13   Шабакаҳои компютерӣ
14   Технологияҳои инноватсионӣ дар низоми бонкӣ
15   Тиҷорати электронӣ ва бозорҳои рақамӣ
16   Трансформатсияи рақамии иқтисодиёт
17   Ҳукумати электронӣ
18   Интернет банкинг

6.2. Фанҳое, ки дар ихтисоси кибернетикаи иқтисодӣ хонда мешаванд

1 Хазинаи маълумотҳо ва системаҳои идоракунии он
2 Моделҳои риёзии микро-ва макроиқтисодиёт
3 Асосҳои алгоритмонӣ ва забонҳои программасозӣ
4 Асосҳои иқтисоди рақамӣ
5 Амнияти иттилоотӣ ва кибербехатарӣ
6 Усулҳои риёзӣ ва моделсозии компютерӣ дар иқтисодиёт
7 Эконометрика
8 Пешгӯии равандҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ
9 Программасозӣ
10 Назарияи бозиҳо ва усули қабули қарорҳо
11 Назарияи система ва таҳлили системавӣ
12 Назарияи таваккал ва вазъҳои таваккалӣ дар иқтисодиёт
13 Технологияи навини иттилоотӣ
14 Тиҷорати электронӣ ва бозорҳои рақамӣ
15 Wеb- программасозӣ
16 Математикаи молиявӣ
17 Программасозии зинаи боло

7.Алоқаи кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ:

  • Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов;
  • Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал;
  • Донишкадаи корӣ – ҳуҷҷатии славянӣ ба номи К.В.Нечаев ш.Москва;
  • Донишгоҳҳои шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд-и ҷумҳурии Узбекистон

Гузашта аз ин кафедра бо кафедраҳои ҳамҷавори худ аз ҷумла : кафедраи Информатикаи амалӣ ва Усулҳои риёзии Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, кафедра назарияи иқтисоди Донишгоҳи  Славиянии Тоҷикистону Руссия, кафедраҳои Риёзиёти иқтисодӣ, Таҳррезӣ ва технологияи информатсионии Донишкадаи соҳибкори ва хизмат, кафедраи Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва кафедраҳои Тиҷорати ахбори байналхалқӣ, Информатика ва моделсозии ДМТ алоқаи зич дорад.

Мудири кафедра н.и.и., дотсент Табарзода Орифҷон Сайдалӣ  

Почтаи электронӣ: orif_tabarov@mail.ru

тел: +992918675250

Рӯзҳои қабул: Сешанбе ва Шанбе 9:00-12:00

Ҳайати кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ