Кафедраи cистемаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Таърихи таъсисёбии кафедра

Кафедраи мазкур бо номи системаҳои автоматиконии коркарди ахбори иқтисодӣ соли 1983 аз ҳайати кафедраи омор ҷудо шуд. Кафедра солҳои пештар дар ҳайати факултети молиявию иқтисодӣ амал мекард. Дар назди кафедра лабораторияи «Система ва шабакаҳои коркарди ахбор» амал мекунад, ки бо компютерҳои ҳозиразамон ҷиҳозонида шудааст. Лабораторияи мазкур соли 1971 ташкил шуда буд. Вазифаи мудирии онро Раҳимов З.А. иҷро мекард. 

Кафедра соли 1985 ба ҳайати факултети иқтисод ва идора ворид карда шуд. Бо назардошти талаботҳои иқтисоди бозорӣ кафедра аз соли 2004 ба таври тиҷорати ахбори байналхалқӣ номгузорӣ карда шуд.

Аз давраи таъсисёбӣ то январи соли 2005 мудири кафедра доктори илми иқтисод Раҳимов З.А. буд. Аз январи соли 2005 то декабри соли 2012 мудири кафедра н.и.и., дотсент н.и.и., Содиқова М.О. буд. Аз январи соли 2013 то марти 2017 мудири кафедра н.и.и., дотсент Шамсов И.С. буд. Аз соли 2017 то соли 2019 мудири кафедн.и.и., дотсент Норов Х. Ғ. буд. Аз ноябри 2019 то имруз мудири кафед н.и.и., дотсент Юсупов Ш.Н. мебошад.

Дар кафедра аз соли 1983 инҳо кор кардаанд: Раҳимов З.А., д.и.и., (профессори кафедраи молия ва қарз аст), Абдуллоев А., дотсент (то с. 1992), Аксиненко Н.К., дотсент (то с.1993), Фатҳуллоева Х., дотсент, Хоҷаева И.Г., дотсент, Қодиров М., дотсент, Каримов Б.Х., дотсент, Тоиров Ш.М., дотсент, Шнайдер С.М., дотсент, Мавропулло А.Г., муаллими калон., дотсент, Раҳимов Ф.С. (то с. 2016), дотсент, Мӯҳсинов Д.С. (то с. 2017).

Кафедра айни ҳол аз рӯи ихтисоси 40010202 – Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар шуъбаи рӯзона дараҷаи бакалавр ва дар шуъбаи ғоибона дараҷаи муттахасис бо тахассуси муҳандис-иқтисодчӣ ва инчунин аз рӯи ихтисоси 4001020210 – технолия ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар дараҷаи магистр аз рӯи соҳаи технологияи иттилоотӣ муттахассис тайёр мекунад.

Аспирантура ва такмили ихтисос

Дар кафедра шуъбаи аспирантура ва доктори фалсафа аз рӯйи ихтисос низ фаъолият мекунад, ки дар солҳои гуногун аспирантҳо дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил намуда рисолаҳои хешро ҳимоя намуданд. Инчунин унвонҷӯён таҳсил карда дар мавзӯъҳои марбутаи кафедра тадқиқотҳои илмии худро пеш бурда истодаанд. Айни ҳол дар назди кафедра 2-нафар аспирант ва чор нафар унвонҷӯён таҳти роҳбарии устодони кафедраю донишгоҳ ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Дар самти такмили ихтисос бошад ҳарсола устодони кафедра барои баланд бардоштани савияи дониш, мукаммалгардонӣ ва такмили таҷрибаи кории худ ба шуъбаи такмили ихтисоси донишгоҳ равон карда мешаванд.

Муваффақиятҳои асосии таълимӣ ва илмӣ

Дар тӯли 30 соли фаъолияти кафедра ҷои асосиро масъалаҳои коркарди ахбори иқтисодӣ ҳамчун илм ва ҳамчун фанни таълимӣ ишғол намудааст. Ин аз коллективи кафедра на танҳо дониши чуқури назариявӣ-методологӣ ва амалиро талаб мекард, балки қобилияти ба таври фаврӣ эҳсос намудани кулли тағиротҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи компютерикунонӣ тақозо мекард. Ҳамасола аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои нави таълимӣ, дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, монографияҳо аз чоп мебароянд, ки аз дастовардҳои устодони кафедра дарак медиҳанд ва ҳам барои баландбардории сатҳи дониши донишҷӯёни ихтисоси номбурда мусоидат мекунанд.

Самтҳои асосии фаъолияти кафедра аз корҳои илмию тадқиқотӣ ва омузгорӣ иборат мебошад. Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра дар доираи мавзӯи «Таъмини иттилоотии рушди босуботи иқтисодиёти ҷумҳурии тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ», пеш бурда мешаванд.

Дар тули даҳсолаи охир дар заминаи кафедра 9-рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст, ки як қисми онҳо дар дохил ва як қисми дигари онҳо дар дигар донишгоҳҳо кору фаъолият намуда истодаанд.

Инчунин қайд намудан лозим аст, ки соли 2014 бо ташабуси мудири кафедраи онвақта н.и.и., дотсент Шамсов И.С бо якчанд ташкилоту вазоратҳо ба монанди Вазорати молияи Ҷумҳурии Толҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» шартномаҳо оиди сайқалдиҳии дониши назариявии донишҷӯён дар давраҳои таҷрибаомӯзии онҳо ба тавсиб расида буд, ки то ҳол аксарияти донишҷуёни ихтисоси мазкур барои таҷрибаомӯзӣ ба ин ташкилотҳо фиристонида мешаванд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра

Шамсов И.С. н.и.и., дотсент, Юсупов Ш.Н. н.и.и., дотсент, Норов Х.Ғ., н.и.и., дотсент, Мирзоев Н.Ҳ., н.и.ф.м., номзадони илм Киличева М.М., Саидова Ш.С., Абдураҳмонов Ф.А., Бобохонзода Р.Х муаллимони калон Шерматов Р.Б., Мирзоев А.М Раҷабов Ҳ.Ҳ., Ҳафизов М., Машрабзода Х. ва ассистентон Ахмедова Д.Х., Алихонзода Ш ва Хоҷаева М.Ч., лаборанткаи калони кафедра.