• Русский
  • Тоҷики
Домой Блог
Имрӯз дар Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи нақшаҳои баргузории семинарҳои илмӣ, семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи "21-март - Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" баргузор гардид, ки дар он мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва саёҳии ДМТ Саъдуллозода С.С. баромад намуд.
Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат...
Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад.
Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздидҳои ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва вохӯриҳои корӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз баҳри омодагӣ ба нимсолаи нави таҳсил боздиди навбатии ректори донишгоҳ аз биноҳои таълимии факултетҳои иқтисодии донишгоҳ: факултетҳои баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ва иқтисод ва...
Имрӯз (19.01.2024) дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронси I илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи "Масъалаҳои мубрами рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит, андозбандӣ, назорати давлатии молиявӣ: таҳдидҳои муосир ва самтҳои рушд" баргузор гардид. Дар кори конференсияи байналмилалӣ аз Федератсия Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, намояндагони кумитаҳо ва ниҳодҳои мухталифи соҳаҳои ҷудогонаи...
Дар шароити истиқлоли давлатӣ яке аз механизмҳои меҳварии рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар ин Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат маҳсуб меёбад. Паём дар худ тамоми комёбиҳои мамлакат оид ба дастовардҳо дар тамоми самтҳоро фаро гирифта, ҳамчунин дурнамои рушди давлатро муайян мекунад. Дар ҷаҳони мутамаддин аксаран Паёми сарвари давлат...
Дар шароити истиқлоли давлатӣ яке аз механизмҳои меҳварии рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар ин Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат маҳсуб меёбад. Паём дар худ тамоми комёбиҳои мамлакат оид ба дастовардҳо дар тамоми самтҳоро фаро гирифта, ҳамчунин дурнамои рушди давлатро муайян мекунад. Дар ҷаҳони мутамаддин аксаран Паёми сарвари давлат...
28.12.2023 дар Кохи Сомони пойтахт Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида истодааст. Тамоми сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи мамлакат пахши мустақими Паёмро тариқи шабакаҳои телевизионӣ...
Аз санаи 20 то 25-уми ноябр дар шаҳри Тиранаи кишвари Албания Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ баргузор гардид, ки дар он магистранти курси якуми ихтисоси аудит ва ревизияи Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сардоров Қосим Шодимуродович иштирок намуда, дар байни зиёда аз 65 давлатҳои дунё сазовори ҷои аввал гардида, чемпиони ҷаҳон шуд....
Қаблан меҳмонони гиромиро ба ташкилоти ибтидоии «Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ» хайрамақдам гуфта, ҳамаи Шуморо ба муносибати 29-умин солгарди Ҳизби Халқиқи Демократии Тоҷикистон муборакбод мегӯям. Ташкилоти ибтидоии «Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ» дар соли 2023 фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳои амалкунанда, Оиннома ва Низомномаҳои Ҳизби...

Эълонҳо