ГУСТАРИШИ РАВОБИТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

339

Бо ҳидоят ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули 31 соли истиқлолият як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуд.Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибаҳои иқтисодии хешро дар арсаи байналмилалӣ дар асоси меъёрҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд татбиқ менамояд. Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд пайваста ба густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд, ки ин дар давраи истиқлолияти давлатӣ эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа баланд бардошт.Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои мутараққии ҷаҳон муносибатҳои устувори иқтисодӣ барқарор намуд, ки ҳоло ин кишварҳо дар татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ дар кишвар саҳмгузорӣ менамоянд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳанӯз дар ибтидои асри XXI – соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Президент дар радифи 191 кишвари ҷаҳон Эъломияи Ҳазорсоларо ба имзо расонид. Дар ин замина Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳоеро, ки баёнгари уҳдадориҳо барои таъмини густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола маҳсуб мегарданд, ба роҳ андохт.Бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи миллии рушд барои барномаҳои миёнамӯҳлат, ки дар комёб шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола асоси воқеӣ маҳсуб мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии хешро дар ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян намуд ва барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои стратегӣ саъю талош меварзад. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки рӯзи 16-майи соли ҷорӣ баргузор гардид, як қатор санадҳо барои рушиди ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд, ки ҳаҷми сармояҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 1,5 милёрд доларро ташкил додааст. Дар доираи ҳамкори дуҷониба дар Ҷумҳурии мардумии Чин Дар ҳузури сарварони давлатҳо 13 санади нав имзо шуд; Созишнома байни дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ; Протокол байни оид ба қабули таҷҳизоти экспертизаи судию тиббии муайян намудани ДНК; Ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иттилоотии Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин; Созишнома дар бораи расондани кумаки бебозгашт байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мардумии Чин;Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин;Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба тавсеаи амиқи иқтисодию тиҷоратӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин; Созишномаи оид ба ҷустуҷӯ ва наҷоти ҳавопаймоҳои гражданӣ; Протоколи тасдиқи рӯйхати лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ ҷиҳати маблағгузорӣ барои солҳои 2022-2023 байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин; Созишнома оид ба истиқрори бародаршаҳрӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-2025; Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Вейнани вилояти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин; Ёддошти тафоҳум дар бораи истиқрори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин; Созишнома дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои табодули дӯстона байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин; Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботҳои фитосанитарӣ ҳангоми содироти ангури тару тоза аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин.Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, тарафҳо 11 санади ҳамкориҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, илму технология, васоити ахбори омма, молия, техникӣ ба имзо расонданд: Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-2025; Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкориҳои таълимӣ ва илмию техникӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунтсии Ҷумҳурии Мардумии Чин; Ёддошти тафоҳум байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин; Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;Созишномаи қолабӣ байни ҶСК “Амонатбонк”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Чин; Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Чин дар бораи таъсиси Пажӯҳишгоҳи муштарак дар доираи иқдоми “Як камарбанд, як роҳ” оид ба ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои биологӣ; Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ дар соҳаи геология байни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази корҳои геологӣ-иктишофии Сиани Хадамоти геологии Чин; Созишномаи иловагии № 5 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати “CNPC CENTRAL ASIA B.V” ва ширкати “TOTAL E&P TAJIKISTAN B.V” ба Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “KULOB PETROLEUM LIMITED”; Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкат оид ба захираҳои Тибет Эверест”; Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази “Zhongguancun Smart City co., Ltd” ва Ширкати “Huawei Technologies Tajikistan” оид ба бунёди Маркази миллии коркарди маълумотҳо (Data Center) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи аксҳои моҳворавӣ байни Маркази инноватсия ва рушди илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази назорати фосилавии замини Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин.Ҳамин тавр, дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маҷмуъ, 25 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин ҷанбаҳои иқтисодиёти ду кишвари дӯстро фароҳам меоварад. Аз ҷониби дигар чунин ҳамкориҳои домангустурда гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати амну рӯ ба инкишоф эътироф менамоянд. Дар 25 самт ба имзо расидани тавофуқномаҳо фарогирандаи аксар ҷабҳаҳои иқтисодии ҷмуҳурии мо ба шумор меравад.Санадҳои имзошуда маҳдуду ниҳоӣ нестанд ва ҳар кадом даҳҳо паҳлуи дигарро дарбар мегиранд. Азҷумла, бахши умдаи роҳҳои автомобилгард, тунелҳо ва хати интиқоли барқи Тоҷикистон, тунелҳои “Шаҳристон” ва “Шаршар” ва хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи “Ҷануб-Шимол” бо сармояи Чин ва аз ҷониби мутахассисони ин кишвар эҳдо мешавад. Ин ҳама аз он далолат медиҳад, ки таркибии иқтисодиёти кишвар ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ дар заминаи таъмини ҳамкориҳои босамар бо шарикони рушдро таҳти назорати бевосита ва пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Дар ҳақиқат давлати Чин дар минтақа ва ҷаҳон бо иқтисодиёти бузурги худ тавонистааст, ки дар рушди саноат ва техникаву технологияҳои гуногун дар аксар кишварҳои ҳамҷавор мусоидат намояд. Тоҷикистон дар ин самт истисно намебошад. Дар баробари ин ифтихормандии ҳар як ҳамватани мост, ки дар доираи ин сафар ба шахсият, таҷриба ва кордонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Си Ҷинпин баҳои баланд дода шуд. Чунин самимият ва муносибати роҳбари баландпояи Чин дар равобити минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистону Чин таккони ҷиддӣ хоҳад дод.

Абдулмуминзода Н. А., н.и.и., дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ