ДАВОМИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР КАФЕДРАИ КИБЕРНЕТИКА ВА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

64

24.04.2024. Тибқи барномаи конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявии донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба “30-юмин солгарди қабули конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2024) дар пояи кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ конференсия баргузор гардид. Устодони кафедра донишҷӯён ва магистрантону доторантони PhD бо маърӯзаҳои гуногун баромад намуданд.Аксҳо аз ҷарайёни баргузории конференсия замима мегардад.