ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БУНЁДКОРИ ИМРӮЗ ВА ФАРДО

376

Солҳо сипари мешавад вале давлати мо бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зебову обод мегардад. Мо дар ин гуна шароити ободу зебо фаъолият намуда умр ба сар мебарем ва шукрона аз он дорем, ки ҳамин хел Пешвои оқилу доно ва меҳнатдӯст дорем. Бояд мо ҳамагон ба қадри талошҳои варзидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем. Меҳнатҳои шабонарӯзии ин марди абарқудрат аз мади назари аҳолии кишвар дур намемонад. Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандонаву оқилонаи хеш дар замоне ба сари қудрат омаданд, ки фазои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин сарзамин фалаҷ гардида, ҳокимияти давлатӣ мутлақо аз байн рафта буд. Дар ҳақиқат шахси кордону ботадбир, дурандешу хирадманд дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд ҷангро ба сулҳ ва харобазорро ба гулистон табдил диҳанд.

Ба кули мардуми дунё малум ва маъмул аст, ки Пешвои миллат, давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот доданд, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавъам аст ва дар тӯли 28 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намуданд.

Имрӯз бо шунидани ин хабар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз хурсандӣ меболад, ифтихор аз Пешвои миллати худ мекунад, ки воқеан дар ҷаҳони муосир Пешвои муаззами миллати моро ҷаҳониён қадр мекунанд, садояшро мешунаванд, ибтикороташро таҳсин карда, роҳандозӣ менамоянд.Бинобар ин, мо ва мардуми моро мебояд, ки боз ҳам аз пештара дида бештар ба қадри заҳматҳои ин марди бузург бирасем ва шахсияти фавқулодаи ӯро эътироф намоем. Ин абармард бо забони ширини тоҷикӣ бори аввал аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз соли 1993 суханронӣ карда, ба бештар аз 200 кишвари ҷаҳон забони моро муаррифӣ намуданд. Сулҳу ваҳдатро пойдор, кишварро амну обод, миллатро сарҷамъ намуданд, таърихи пурифтихори моро эҳё карда, мактабу илму маорифро рушд доданд ва тавассути заҳматҳои сангин, кору фаъолияти шабонарӯзии тавъам бо ҷонфидоиҳову азхудгузаштанҳо ва ибтикороти созандаву бунёдкорона давлати тоҷиконро имрӯз дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазиру пешрафта гардониданд.

Ҳамин тариқ, дар чунин вазъи фоҷеабор, ки ҳатто аз бародар ҳам таваққуъу умедворӣ доштан ғайриимкон шуда буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба арсаи сиёсат ва давлатдории миллӣ ворид гардиданд ва ҷасурона дар ин масири мушкилписанди сиёсӣ гомҳои устувор бардоштанд. Сарвари давлат тайи фаъолияти раҳбарӣ эҳёи ҳофизаи таърихӣ, навсозии сохтори давлатӣ, ободкорию созандагӣ ва рушди миллиро ба унвони стратегияҳои давлатӣ дар меҳвари кори сиёсӣ қарор доданд ва тамоми имконоту тавонмандиҳояшро сарфи анҷом додани лоиҳаи миллатсозӣ ва эҳёи таърихи миллӣ нигарон карданд. Ин аст, ки Сарвари давлат масъалаи эҳёи таърих, суннат, анъанот, ойинҳо ва мероси бостонии миллӣ, ки дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва тақвияти ҳофизаи таърихии миллат нақши асосӣ доранд, ҳамеша дар мадди назар қарор дода, дар ин масир устуворона гом бардоштаанд. Зимнан, Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқро аз зумраи муқаддасоти миллӣ ва давлатӣ унвон кардаанд.

Маҳз ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо дар сатҳи давлатӣ иқдомоти зарурӣ рӯйи даст гирифта шудаанд ва ин раванд босуръат идома меёбад.Бояд гуфт, ки дар шароити мушкили буҳрони иқтисодии солҳои 1994 – ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳал намудани дигар мушкилиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ба таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода, системаи таъсирбахши пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаро ташкил намуданд. Ҳамзамон, 27 ноябри соли 1999 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Аз ҳамон вақт шурўъ намуда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз садамаҳо, фалокатҳо ва офатҳои табиӣ ҳамчун омили муҳими таъмини амнияти миллӣ дониста мешавад. Дар баробари ин, 28 феврали соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ба имзо расидааст.

Ҳамин тавр, 15 июли соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» қабул карда шуд. Ин шахсият дар замири халқ шуълаи умедро дубора барафрӯхт ва миллатро дубора зинда гардонид. Нахустин каломашон “Ман ба Шумо сулҳ меорам” буд ин шахсияти бузург, ба ваъдаи додаи худ вафо карданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо тадбирҳои хирадмандона ва аз худгузаштанҳо борҳо бо мухолифини сиёсии кишвар дар ваъзиятҳои бениҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбӣ мулоқот намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки даст ба дасти ҳам диҳему сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо намоем ва ба ин ҳадафи неку инсондӯстонаашон расиданд.

Пешвои муаззами миллати тоҷик барои ба даст овардани ваҳдати комили миллӣ ҷавонии хешро фидо карданд, то ҷавонони миллат саодатманду хушбахт бошанд. Маҳз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, буд, ки аз як кишвари ба пораҳо тақсимшуда Тоҷикистони ягона бунёд гардида, халқи шарифи он дар партави як сиёсат бо ҳам омаданд ва пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунанд.

Алимардонов Т.А., н.и.и., дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ.