ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

333

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ он равандҳои муосири иҷтимоӣ-иқтисодиеро дар худ таҳмил менамояд, ки ба иқтисоди миллӣ таъсири мусбӣ доранд. Яке аз чунин равандҳо рақамикунонӣ аст, ки айни замон иқтисодиёти давлатҳо ва ҷаҳон аз он вобастагии назаррас доранд. Аз ин рӯ, имрӯз сохтори иқтисодиёти давлатҳо ва равандҳои идоракунии онҳо босуръат тағйир ёфта истодаанд, ки бештар бо ҷараёни рақамикунонии низомҳо алоқамандӣ дорад. Маълум аст, ки ин тағйиротҳо дар натиҷаи истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва дастгоҳу таҷҳизотҳои рақамии инноватсионӣ сурат мегиранд. Дар тақвияти ин гуфтаҳо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овардан бамаврид аст, ки ҳануз соли 2002 дар паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид карда буданд: «Имрӯз дастовардҳои технологӣ ва имкониятҳои коммуникатсионӣ ба дараҷае ҳастанд, ки ҳатто марзҳои байни кишварҳо ба онҳо монеъ шуда наметавонанд. Ҳар кишвар барои рушди худ бояд аз дастовардҳои беҳтарини дигар мамлакатҳо бархурдор бошад». Аз ибтидои даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодабарии технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ таъкидҳо карда мегузаштанд: – соли 2003 – «Вақти он расидааст, ки мо Консепсияи сиёсат ва амнияти иттилоотии худро таҳия ва қабул намоем»; – соли 2006 – «Барои таъмин намудани шаффофияти андозситонӣ ва истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ зарур аст, ки Барномаи давлатии иттилоотикунонии мақомоти андозу гумрук ва молияи кишвар таҳия ва қабул карда шавад»; – соли 2012 – «Истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар асоси он ташаккули ҳукумати электронӣ аз масъалаҳои муҳими замони муосир мебошад»; – соли 2016 – «Васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад». – соли 2021 – «Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд». Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин тавассути таҳия ва тасдиқи консепсияю барномаҳои давлатии вобаста ба равандҳои рақамикунонӣ, дар марҳилаи аввали ташаккули иқтисоди рақамӣ қарор дорад. Аз он ҷумла, Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи давлатии иттилоотӣ-коммуникатсионии технологӣ барои рушди Тоҷикистон», ки санаи 05.11.2003, № 1174 ба тасвиб расидааст, Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012-2020), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011, № 643 тасдиқ карда шудааст; Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2019, № 642 тасдиқ карда шудааст. Натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон доданд, ки мо аз рӯи Индекси рушди ҳукумати электронӣ соли 2022 байни 193 давлати мавриди таҳлил қароргирифта ҷои 129-ро ишғол кардем. Соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷои 139 қарор дошт. Чӣ хеле ки қайд карда шуд, муҳимияти масъалаи рақамикунониро ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли онҳо Консепсияи иқтисоди рақамиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ кард (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2019, №642). Бо мақсади марҳала ба марҳила амалӣ намудани Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Шӯро доир ба рушди иқтисоди рақамӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шуд, ки маҳз иҷрои механизмҳои рақамии пешбурди мониторинги вазифаҳои гузошташуда, қабул ва коркарди алоқаи баръакс, механизми санҷиш ва ҳисоботдиҳии электронӣ, арзёбии истифодабарандагони рақамӣ ва сифати хизматрасониро назорат менамояд. Барои татбиқи иқтисоди рақамӣ дар Консепсия се марҳила муайян гардидаанд. Марҳилаи якум то соли 2025 идома ёфта, он бо роҳи татбиқи ҳукумати электронӣ дар ин се марҳила амалӣ карда мешавад. Дар ин раванд гузаштан ба модели идоракунии электронӣ тавассути муросилоти ҳуҷҷатҳо, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, таъсиси модели идоракунии табодули рақамӣ, муайян кардани нишондиҳандаҳои калидии мақсадноки дастовардҳои табодули рақамӣ ва маблағгузорӣ барои ташаккули иқтисоди рақамӣ дар назар дошта шудааст. Марҳилаи дуюм то соли 2030 идома меёбад. Дар ин давра дастрасии фарохмавҷ, амнияти иттилоотӣ, кибернетикӣ ва ғайрҳо таъсиси платформаҳо ва рушди хизматрасонии рақамӣ ва оғози лоиҳаҳои пилотӣ бояд таъмин карда шаванд. Марҳилаи сеюм ва ниҳоии табодули рақамӣ давраи то соли 2040-ро дарбар гирифта, ба таҳкими минбаъдаи асосҳои ғайрирақамӣ ва рақамӣ дар ҷумҳурӣ, оғози лоиҳаҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ мутобиқи афзалиятҳои дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 пешбинигардида, дар навбати аввал дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, телекоммуникатсия, нақлиёт, соҳаи хизматрасонӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, саноат, аз ҷумла истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва савдо бахшида мешавад. Чӣ гунае ки, мо шоҳидем, то имрӯз дар даврони истиқлолият унсурҳои гуногуни рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи худро ёфта, кори шаҳрвандон, субъектони соҳибкорӣ ва сохторҳои давлатиро осонтару сабук гардондаанд. Аз он ҷумла, дар низоми андозситонӣ, низоми пардохтҳои хизматрасонӣ, дар савдою нақлиёт, ҳисоббаробаркуниҳои бонкӣ, пардохти нафақа ва музди меҳнат, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар таълиму таҳқиқотҳои илмӣ, дар тиб ва сохтмон. Дар вобастагӣ аз барномаю стратегия ва консепсияҳои дар ин самт таҳиягардида, ҳамаи субъектҳои низоми иҷтимоию иқтисодиро зарур аст, ки дар оянда барои фаъолияти устувор, рақобатпазир ва рушдкунанда ба равандҳои рақамии фаъолият диққат диҳанд ва такя намоянд.

Юсупов Шодмон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДМТ