ВАҚТ ВА ЗАМОНИ РУШДУ ТАШАККУЛИ ДОНИШҶӮ

277

Аксар вақт донишҷӯёне, ки ба таҳсил, кор ва ё дигар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ машғуланд, дар лаҳзаҳои гуногун шавқу ҳаваси худро нисбат ба таҳсилу вазифаҳои рӯзмарра аз даст медиҳанд.

Дар ин лаҳзаҳо чӣ бояд кард? Ман кӯшиш мекунам, ки дар ин маврид дар доираи таҷрибаи касбкардаи донишҷӯӣ андешаи худро пешкаш намоям. Бояд иқрор шавам, ки барои донишҷӯ аз ҳама чизи муҳимтарин, ин истифодаи дурусти вақт мебошад. Ва бузургони мо низ ба ин чиз ишораи дақиқ кардаанд:

Вақт тиллост!

Лек, агар тилло,

Гум шавад, боз мешавад пайд.

Нест мумкин ба даст овардан,

Вақти аздастрафтаро асло! (Мирсаид Миршакар).

Барои дурусту бамаврид ва самаранок истифодаву идора кардани вақт, шумо бояд ин панҷ қоидаро риоянамоед:

1.Нақшаи рӯз. Дар ибтидои хафта ва ё рӯзӣ истироҳат барои тамоми хафта наќша тартиб диҳед, корҳои дар давоми ҳафта анҷоммедодаатонро ба тартиби муайян, пайи ҳам нақшабандӣ, намоед, то дар як вақт мувофиқ наафтанд. Муҳим аст, ки рӯзнома барои қайд дошта бошед ва бо метавонед ҳар пагоҳӣба нақшаи рӯзонаатон назар намуда, корҳоятонро аз рӯйи он анҷом диҳед. Ин корро ҳамчунин метаонед дар бахши қайдҳои телефон ва ё планшети дар дастатон буда анҷом диҳед. Яъне кадом варианте, ки ба шумо қулай ва писанд аст.

2.Корҳои асосӣ. Албатта ба корҳоиасосиатон бартарӣ диҳед. Агар фаъолияти асосии шумо таҳсилу дарс хондан бошад, пас дигар кору фаъолиятатонро баъд аз он гузоред. Ин барои он зарур аст, ки шумохудро ҳангоми машғулиятҳоятон нороҳат ҳис накунед. Агар шумо ҳама чизро дуруст ба нақша гиред, ҳеҷ мушкиле ба миён намеояд ва шумо барои анҷом додани ҳама чиз вақт хоҳед дошт. Шояд ба назари шумо чунин менамояд, ки агар шумо вақти асосиро барои таҳсил сарф кунед, пас барои кор вақт намемонад, аммо ин тавр нест. Бисёр кору машғулиятҳое ҳастанд, ки реҷаи кориашон баъд аз дарс аст ва реҷаи кориашон бадонишҷӯён мувофиқ мебошад.

3.Истироҳат кардан. Истироҳат ин танҳо хоб набуда, қисме аз вақти фаъоли шумо иборат аст, яъне ҳадди аққал 1/5 ҳиссаи он бояд бошад. Масалан, агар шумо 14 соат дар як шабонарӯз банд бошед ва 6 соат хоб кунед, пас барои истироҳат ҳадди аққал 3 соат вақт ҷудо кардан лозим аст, вагарна хастагӣ пайдо мешавад. Агар ҷисми шумо 8 соат хобро талаб кунад, пас ҳангоми банақшагирӣ инро ба назар гиред, ки набудани хоб метавонад ба тамоми фаъолияти ҳаёти шумо таъсири манфӣ расонад, зеро шумо танҳо барои иҷрои он чизе, ки дар нақша доред, қувваву мадори кофӣ ҷамъ карда наметавонед.

4.Лаҳзаи асосӣ. Донистан муҳим аст, ки шумо дар кадом вақти рӯз фаъолияти самараноктар дошта метавонед. Дар ин маврид метавонем мавсими омодагӣ ба имтиҳонҳои ҷориро ҳамчун мисоли намунавӣ гирем. Агар шумо бегоҳӣ барои омодагӣ ба имтиҳон худро бароҳат ҳис мекунед, пас шумо бояд ин корро бегоҳӣ анҷом диҳед. Аммо, агар шумо пагоҳӣ ё нисфирӯзӣ ба омӯхтан пардозед, маълумоти заруриро аз бар карда наметавонед ва вақтатон беҳуда мегузарад. Аз ин рӯ, вақти самараноки худро барои худ муайян кунед вамувофиқи он амал кунед.

5.Муътадил будан. Ба ибораи дигар гӯем, ҳадро риоя кунед. Чунин қонун вуҷуд дорад бо номи “Қонуни Парето” (аз номи муҳандис, иқтисодчӣ ва ҷомеашиноси маъруфи итолиёвӣ гирифта шудааст), ки чунин аст: 20% фаъолият 80%, натиҷа медиҳад. Аммо 80% кор 20% натиҷа медиҳад. Чаро чунин мешавад? Ин як чизи оддӣ аст! Шумо аз80%, воқеан ¼ ҳиссаи онро кор мекунед ва вақти боқимонда барои корҳои дуюму сеюмдараҷаву дилгиркунанда сарф мешавад. Аз ин рӯ, 2 соат бо ҷидду ҷаҳд кор кардан беҳтар аст аз он ки 8 соат сарф мекунед ва ҳамон як натиҷа ба даст меоред. Табиист, ки ҳама чиз инфиродӣ аст, аммо дар бораи ин мавзӯъ фикр кардан ва иттилоотро ба манфиати худ истифода бурдан муҳим аст.Агар шумо ин панҷ амалро сидқан аз паяш шаведу дар рӯзгори донишҷӯӣистифода баред, ҳатман баъди чанд муддати муайян ба натиҷаи мусбат даст хоҳед ёфт. На ҳама чиз бори аввал ба даст меояд, аммо онҳое, ки кӯшиш мекунанд, албатта муваффақ мешаванд!

КАРИМОВ Сафар Сайфиддинович,донишҷӯи курси 3-юми факултетибаҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ