ТАЪСИРИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ БА РУШДИ УСТУВОРИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

11

Табдили рақамӣ дар соҳаи саноат дар ҷаҳони муосир, ки технология дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ нақши калидӣ мебозад, торафт аҳамияти бештар пайдо мекунад. Рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, аз қабили зеҳни сунъӣ, ашёҳои Интернет, маълумоти калон ва гайра, равишҳоро оид ба ташкил ва идоракунии истеҳсолоти саноатӣ ба куллӣ тагйир медиҳанд. Иқтисоди рақамӣ омили калидии баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ мегардад. Корхонаҳое, ки қарорҳои рақамиро бомуваффақият татбиқ мекунанд, нисбат ба рақибони худ бартарии назаррас пайдо мекунанд. Рақамикунонии корхонаҳои саноатӣ имкон медиҳад, ки самаранокии амалиёт ба таври назаррас баланд гардида, хароҷот кам карда шуда, ҷараёнҳои истеҳсолӣ мувофиқ гардонида шаванд. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ташаккули салоҳият ва малакаҳои навро дар байни кормандони корхонаҳои саноатӣ талаб мекунад. Ҳамин тариқ, иқтисоди рақамӣ ба рушди босубот ва устувори корхонаҳои саноатӣ таъсири мусбат расонида, таҳқиқи ин масъала аҳамияти назариявӣ ва их амалӣ дорад.

Ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ буда, барои ноил шудан ба ин ҳадаф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул гардидааст. Барномаи мазкур ба татбиқи барномаҳои соҳавии қабулшуда, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъмини самаранокӣ ва сифати онҳо, ҷалби сармояи мустақим, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ҷойҳои корӣ, инчунин то соли 2030 ба 22,0% расонидани ҳиссаи саноат дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат равона шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштан аз намуди иқтисодиёти аграрӣ-саноатӣ ба намуди саноатӣ-аграрӣ ба шумор меравад.

Дар роҳи таъмини саноатикунонии босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ рақамикунонии иқтисодиёт нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад. Ҷараёни рақамикунонӣ имрӯз яке аз самтҳои муҳимми рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо назардошти муҳиммияти ин масъала бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардидааст. Дар консепсияи мазкур, ки се марҳиларо дар бар мегирад, ҷараёни рақамикунонии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи саноат, барои солҳои 2021-2040 муайян шудааст.

Мувофиқи “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷорӣ намудани техникаи автономӣ ва ба таври автоматикӣ танзим намудани ҷараёнҳои асосии истеҳсолот имкон медиҳад иштироки одам дар ин ҷараёнҳо то ҳадди ақал кам карда шуда, сатҳи бехатарии истеҳсолот баланд бардошта шавад . Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ва бахши хусусӣ дар самти рақамикунонӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Рақамикунонии саноати истихроҷи маъдан ва коркард яке аз самтҳои асосии афзалиятноки рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Дар марҳилаҳои дуюм (солҳои 2026-2030) ва сеюми (солҳои 2031-2040) “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷорӣ намудани лоиҳаҳои пилотӣ оид ба ташкили корхонаҳои рақамӣ дар саноати истихроҷи маъдан ва коркард ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин раванд технологияи Саноат 4.0 татбиқ карда мешавад.

Технологияҳои рақамӣ ҳамчун як самти калидии рушди корхонаҳои саноатии муосир, дар ҳама самтҳои фаъолияти ин корхонаҳо, аз истеҳсолот то банақшагирӣ ва идоракунӣ васеъ истифода мешаванд. Истифодаи технологияҳои рақамӣ мувофиқсозии хароҷотро таъмин намуда, самаранокии технологӣ ва истеҳсолиро баланд мебардоранд.

Дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ имкон фароҳам меорад, ки ҷараёни истеҳсолот куллан ба таври сифатӣ дигаргун карда шавад. Ғайр аз ин, дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ ҷараёни рақамикунонӣ, чун қоида, қувваи ҳаракатдиҳанда ва пешбарандаи тараққиёти иқтисодӣ ба шумор меравад, зеро он имкон фароҳам меорад, ки захираҳои мавҷуда оқилонаву самараноктар истифода бурда шуда, ҷараёнҳои ҳамгироии иқтисодиёти миллӣ ба системаи байналхалқии тақсимоти меҳнат ҳавасманд карда шавад.

Корхонаҳои саноатӣ дар рушди инноватсионии мамлакат нақши ҳалкунанда доранд, зеро онҳо ҷараёни иҷрои нишондиҳандаҳои асоси рушди инноватсиониро таъмин мекунанд. Корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ машгул буда, инноватсияҳоро дар ҷараёни истеҳсолот таҳия ва татбиқ карда, ҷойҳои кории баландтехнологӣ ташкил намуда, иқтидори инноватсионии сармояи инсонии мамлакатро зиёд мекунанд.

Дар шароити рақамикунонӣ рушди минбаъдаи инноватсионии корхонаҳои саноатӣ ва бидуни ҷорӣ намудан ва истифода бурдани технологияҳои рақамӣ дар раванди истеҳсолот гайриимкон мебошад. Дар ин самт бо мақсади баланд бардоштани сатҳи самаранокии истифодаи технологияҳои рақамӣ татбиқи усулҳои идоракунии системаҳои ин фаъолият зарур мебошад. Яке аз чунин усулҳои прогрессивӣ ва санҷидашуда равиши системавӣ ба шумор рафта, дар шакли якҷояи методологии далелҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии корпоративӣ ва ҷараёнҳои техникӣ, таҳияи нақшаҳои стратегии рақамикунонии корхонаҳои саноатӣ амалӣ карда мешавад.

Барои фароҳам овардани фазои мусоид дар ҷараёни рақамикунонии корхонаҳои саноатӣ ҳалли вазифаҳои зерин зарур аст:

афзун намудани ҳаҷми сармоягузори барои рушди инфрасохтори рақамӣ;омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самти рақамикунонӣ;

ташкили системаи самараноки кибербехатарӣ;

таҳия ва такмили қонунгузорӣ;ҳавасмандгардонии фаъолияти корхонаҳои хурду миёна барои татбиқи қарорҳои рақамӣ.

Самтҳои асосии рушд ва такмили рақамикунонии корхонаҳои саноатӣ инҳо мебошанд:Ташаккул ва рушди инфрасохтори рақамӣ:

таҳлили инфрасохтори рақамии мавҷуда ва муайян кардани намудани монеаҳо, камбудиҳо;тадриҷан ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, аз ҷараёнҳои калидии истеҳсолӣ сар карда то тадриҷан васеъ намудани он дар дигар самтҳо;

таҳияи харитаи роҳ дар бораи ташкил ва навсозии инфрасохтори рақамӣ, бо назардошти маҳдудиятҳои буҷетӣ ва вазифаҳои афзалиянок.

Дар амал иҷро намудани вазифаҳои мазкур имкон медиҳад, ки масъалаҳои вобаста ба рақамикунонии корхонаҳои саноатӣ бартараф карда шуда, самаранокии мувофиқ, чандирӣ ва рақобатпазирии корхонаҳо таъмин карда шавад.

Технологияҳои рақамии дар корхонаҳои саноатӣ истифодашаванда ва таъсири онҳоро ба рушди устувори ин корхонаҳо таҳқиқ намуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст:

Технологияҳои рақамӣ дар воқеан ба рушди устувори корхонаҳои саноатӣ на танҳо аз ҷиҳати назариявӣ, балки дар амал низ таъсири назаррас мерасонанд.

Технологияҳои рақамӣ аз ҳама бештар ба қисми иқтисодии рушди устувори корхонаҳои саноатӣ таъсир мерасонанд

Тамоюлҳои асосии рушди технологияҳои рақамӣ дар доираи консепсияи рушди устувор, ки хоси ҳамаи корхонаҳои саноатӣ мебошанд, инҳо ба шумор мераванд:ҷорӣ намудани муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо бо шарикон;

истифодаи телефони боварӣ, ки дархостҳои ба он воридшуда тавассути технологияи иттилоотӣ коркард мешавад;

рақамикунонии шабакаҳои фурӯш;

рушди экосистемаи расонаҳои рақамӣ, мавқеи фаъол пайдо кардани корхонаҳо дар фазои интернет;системаҳои роботӣ, ки эҳтиёҷоти дахолати инсонро ба минтақаҳои хавфнок аз байн мебарад;

назорати автоматии сифати маҳсулот бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, ки сатҳи сифати маҳсулот ва бехатарии кормандонро баланд мебардорад;

рушди салоҳиятҳои кормандон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ бо истифода аз шаклҳои навтарини таълим.

Мусовиров Сафараҳмад – донишҷӯи курси 2-юми факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ