ҲАМБАСТАГИИ МУШТАРАК ОИД БА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ

147

(Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, 10-13.06.2024, шаҳри Душанбе)

Арзиши об аз нафту газ, ангишт ва дигар анвои сӯзишворию захираҳои энергетикӣ ҷиҳати устувории мамлакат ва минтақа кам нест.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз башарият дар арафаи буҳрони экологӣ қарор дорад. Буҳрони экологӣ то рафт миёси дунёро фаро гирифта, ба сатҳи ҷаҳонӣ расида истодааст, ки боиси гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо, хушкшавии баҳрҳо, зиёдшавии заминҳои зериобмонда, таназзулёбии замин, нобудшавии гуногунии биологӣ гардиааст. Пешниҳоди Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун “Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” бо иштироки намояндагони воломақоми сохторҳои мухталифи дунё доир мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид кардаанд, ки: “…таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд…”.

Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам овардааст. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун кишвари пешоҳанг ва ташаббускори калидии об шинохта шудааст.

Қобили қайд аст, ки Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои худ, таъкид намуда буданд: “Тоҷикистон, алҳақ, неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пораи баҳишти рӯи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надоранд.”

Бояд таъкид намуд, ки масъалаи обу иқлим ба қатори масъалаҳои глобалии замони муосир дохил шуда, ҳамчун мавзуи меҳварӣ дар рӯзномаи ҷаҳони муосир қарор дорад. Дигаргуниҳои дар масъалаи мазкур ба вуҷудомада инсониятро водор месозанд, ки ба мавзуи мазкур аз нуқтаи назари манфиатҳои умумисайёравӣ муносибат намояд. Вагарна оқибату паёмадҳои нохуши он имрӯзу ояндаи инсониятро зери хатар гузоштааст. Дарки саривақтии масъалаи мазкур ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар ин самт нишона аз қоибилияти дарки масъала ва пешбинӣ намудани поёмадҳои он мебошад. Умедаст, ки натиҷаи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар самти масъалаи мазкур тадбирҳои тозаеро рӯйи даст меоварад.

Пешвои миллат зимни суханронӣ дар конференсияи мазкур иброз доштанд, ки “Мо барои ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи милливу минтақавӣ низ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ кардаем. Аз ҷумла, барои пурра гузаштан ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об мо “Барномаи ислоҳоти соҳаи обро барои солҳои 2016-2025” амалӣ карда истодаем.

Таҳияи “Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2040” ва “Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032”, инчунин таъсиси низоми ягонаи иттилоотии соҳаи об аз иқдомҳои муҳимми кишвари мо дар ин самт маҳсуб меёбанд. Барномаву стратегияҳои мо дар ин самт масъалаҳои вобаста ба беҳбуди маданият ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи об ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави обёриро низ дар бар мегиранд.

Мо талошҳои худро барои гузаштан ба “иқтисоди сабз” дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии кишвар истеҳсол мешавад.

Мо тасмим гирифтаем, ки ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба 100 фоиз расонем, яъне тавлиди нерӯи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои “энергетикаи сабз” ба роҳ монем. То соли 2037 ба “кишвари сабз” табдил додани Тоҷикистон нияти дигари мо мебошад”.

Бояд таъкид намуд, ки дар ин самт ибтикороти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст.

Таърихи навини ташаккулёбии давлати соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки Тоҷикистон яке аз пешсафони фаъол дар истифодаи оқилона ва идораи муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ буд ва мемонад. Ташаббусҳои саршумори кишвар дар сатҳи минтақавӣ тасдиқи гуфтаҳои болост.

Тоҷикистон ба ҳайси ташаббускори эълони соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ҳамчунин эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» ба он назар аст, ки татбиқи рӯзномаи СММ оид ба об бояд ҷоннок ва ба мазмуни амалӣ бой гардонида шавад. Татбиқи бомуваффақияти чорабиниҳои даҳсола, ки ба нақша гирифта шудаанд, метавонад натанҳо ба дастрасии беҳтари аҳолӣ ва оби ошомидании бехавф ва беҳдошт, балки ҳамчунин ба ҳалли масъалаҳои дигари ҳаётан муҳим- Сиҳатии омма, аз ҷумла ҳифзи сиҳатии кӯдак ва модар, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, муҳити зист, тағирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табии мусоидат намояд.

Имрӯз дар замони тағирёбии иқлим тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро мебояд, ташаббускорӣ ва ҳамбастагии муштаракро новобаста аз эҳтиёҷмандиашон оид ба ҳифзи захираҳои обӣ ва барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати умумибашарӣ тақвият бахшанд.

Расулзода Додулло Тоҷиддин – н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон