ҲАМГИРОИИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ – МАСЪАЛАИ УМДАИ ЗАМОНИ МУОСИР

109

(Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии соҳаи иҷтимоӣ хосатан илм ва маориф ба шумор меравад. Бо мақсади амалигардии ин ҳадаф солҳои охир сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ баланд бардошта шуда, тафаккури техникии ихтироъкорон ташаккул ёфта, ҷиҳати татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, дар мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар қайд гардид, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”.

Маврид ба зикри хос аст, ки бо дастури Президенти мамлакат шуруъ аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандон аз ҷумлаи муассисаҳои маориф, илм ва стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд, ки омили таконбахши сармояи инсонӣ ва ҳавасмандии кормандони ин ниҳоди ҳаётан муҳим буда, дар мустаҳкам намудани пояи илму дониш, вусъат ёфтани ихтироъот ва татбиқи илм дар истеҳсолот бетаъсир намемонад.

Бо мақсади дар истеҳсолот татбиқ намудани навгониҳои илмӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 17 декабри соли 2002 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.М. Муҳиддинов дар шакли семинар-машварат таҳти унвони «Илм ва истеҳсолот» ва маротибаи дуюм санаи 21сентябри соли 2019 дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва олимони кишвар масъалаи ба қувваи истеҳсолкунанда табдил додани илм семинар-машварати илмӣ гузаронида шудааст.

Бо ин мақсад дар бештари муассисаҳои илмӣ ва илмӣ-таълимӣ шуъбаҳои алоҳидаи татбиқи илм дар истеҳсолот ташкил гардидаанд. Аз ҷумла дар назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин шуъба фаъолият намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти илм чораҳои мушаххас меандешанд.

Омӯзиши масъалаи ҳамгироии илм бо истеҳсолот ё татбиқи илм дар истеҳсолот ба назари мо аз ҳалли ду ҷанба вобастагӣ дорад: аввал ҷанбаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва дуюм ҷанбаи ташкилӣ.

Дар масъалаи ҷанбаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ташкили шароити корӣ, музди меҳнат, омодасозии кардҳо, такмили ихтисос ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки дар ин самт пешравӣ ба назар мерасад.

Масъалаи ташкилӣ аз коркарди алгоритм ё худ методологияи ба нақшагирии мавзуъҳои илмӣ, ки дар шароити муосир мубрам дониста шуда, ба нақшаи перспективии корҳои илмӣ-таҳқиқотии шуъбаҳо, кафедраҳо такя мекунад, бояд алоқаманд бошад. Нақшаи перспективии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тибқи муқаррарот аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд ва пас аз анҷоми муҳлати муайяншуда натиҷаҳои таҳқиқот ҷамъбаст гардида, навгониҳо ва тавсияҳои илман асоснок барои банақшагирии рушди ояндаи соҳаҳои гуногуни ҷамъият истифода мегарданд. Дар сурати илман асоснок набудани итихоби мавзуъ низоми болозикр самарабахш нагардида, имкони дар истеҳсолот татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ низ зери суол мемонад.

Аз ин рӯ, мавзуи таҳқиқоти илмӣ бояд мубрам ва бо барномаю мавзуъҳои илмӣ робитаи зич дошта, ҳадафҳои гузошташуда аз мавҷуд будани мушкилии соҳаи таҳқиқот маълумот диҳад.

Бо мақсади илман асоснок гардидани мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотӣ хуб мешуд маҳзани ягонаи шабакавии интернетӣ ташкил гардида дар он номгӯи мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ пешниҳод мегардид. Аз ҷониби дигар ин амал қадами устуворест дар амалисозии ҳадафҳои иқтисоди рақамӣ, ки тавассути шабакаи интернетӣ ин руйхат мавриди истифодаи умум қарор мегирад.

Дар таҳияи рӯйхати мазуъҳо пешниҳоди шуъбаҳо, кафедраҳо оид ба нақшаи перспективии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба инобат гирифта шуда, иловатан “комиссияи махсуси ваколатдор”-и ташкилгардида, мубрамии мавзуъҳоро вобаста ба мушкилоти мавҷудаи соҳаҳо, дар робита бо стратегия ва барномаҳои соҳавӣ месанҷанд ва дар равзанаи алоҳидаи сомонаи Муассисаи давлатии маркази патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои дахлдор бо дастрасии озод ҷойгир мекунанд. Ҳангоми интихоб шудани мавзуъ аз ҷониби муҳаққиқ барнома онро ҳамчун мавзуи интихобшуда нишон медиҳад.

Бартарии механизми мазкур дар он аст, ки:- ҳангоми гузаронидани мавзуъ аз санҷиши “ҷустуҷӯ”, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии маркази патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, ба коҳишёбии домани “сирқат” ва “тимсол” мусоиддат намуда, такроршавии интихоби мавзуъҳо ба қайд гирифта намешавад;

– зарурати вориднамудани тағйирот дар мавзуъ аз байн меравад;

– мавзуъ ба боварии комил интихоб мешавад ва мубрамии он зери шубҳа намеафтад ва танҳо иҷроиши вазифаҳои гузошташудаи таҳқиқот талаб карда мешаванд;

– мавзуъҳо вобаста ба соҳаи илм, объекти таҳқиқот ва бандҳои шиносномаи ихтисоси соҳаи дахлдори илм пешниҳод мегарданд, ки дар фаъолияти муҳаққиқ ва муассисаҳое, ки ба аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ сафарбар гардидаанд, кӯмак мекунад;

– мавзуъҳо дар заминаи Таснифоти самт ва ихтисосҳои доктори фалсафа(PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи ихтисосҳои кормандони илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм (қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №7) таҳия карда мешаванд, ки ба талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ мутобиқ мебошад;

– мавзуъҳо вобаста ба дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд, ҳамзамон, бо назардошти қабули Қонунҳо, барномаҳо, стратегияҳо ва вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайра мутобиқ карда мешаванд. Мисол, дар аксари диссертатсияҳое, ки солҳои 2019-2021 ҳимоя шудаанд, масъалаи пайдоиш, хуруҷ ва таъсири вируси СOVID-19 баррасӣ гардидааст, зеро ҳамон вақт масъалаи мубрам дониста мешуд;

– мубрамии мавзуъ, алоқамандии он бо барномаю мавзуъҳои илмӣ ва мушкилоти мавҷудаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо имкон медиҳад, ки аз оғози таҳқиқоти илмӣ шартномаҳо ба имзо расанд, сармояҳо ҷалб гарданд, дар ниҳоят навгониҳо дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ татбиқ шаванд.

Аҳмадов Фараҳманд, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи омори факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ