ҶАШНИ НАВРӮЗ – ҶАШНИ БОЗГАШТ БА ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЁДЕ АЗ НИЁГОН

47

Наврӯз рамзи ивазшавии фаслҳо, рӯзи нав, зиндагии нав, ҳатто ҷашни ваҳдат ҳам гӯем хато намекунем. Ин ид иди бозгашт ба ҳуввияти худ, ёди ниёгон, гирифтани хабар аз беморону ятимон мебошад. Ин ҷашн як арзиши бебаҳоест, ки мардумро дар атрофи фазилатҳои баланд муттаҳид намуда, ҳисси Ватанро дар рӯҳияи Миллат таҳким мебахшад. Мардуми тоҷик дар тӯли асрҳо Наврӯзро ҳамчун ҷашни некиву накӯкорӣ ва саховатмандӣ қадр мекарданд.

Маълум аст, ки ақалиятҳо, миллатҳо ва халқиятҳоро арзишҳои гуногуни иҷтимоӣ-маданӣ ба ҳам муттаҳид мегардонанд. Баъзе аз ин арзишҳо дар асоси қонунҳои дохилие, ки онҳоро бармеангезанд, тағйир меёбанд. Баъзан арзише, ки барои як миллат азиз аст, аз ҷониби миллати дигар гирифта, ҳудуди арзишҳои миллии худро васеътар мекунад. Миллати дигар онро дар асоси тағйироти муайян қабул мекунад, ба худ мутобиқ мекунад, бо арзишҳояш ҳамоҳанг месозад. Чунин тағирёбии арзишҳоро дар илм “метаморфизми иҷтимоӣ” меноманд.

Ҷашни Наврӯз новобаста аз пайдоишаш яке аз ҷашнҳои аслӣ ва миллии мардуми мост. Он пеш аз расидан ба шакли кунунии худ дигаргуниҳои гуногуни ташкилро паси сар кардааст. Баъзан бо сабабҳои динӣ, гоҳе бо сабабҳои сиёсӣ манъ карда мешуд. Аз рӯзи ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон азизамон, ин ҷашн ҳамчун ҷашни пуршарафи мардуми мо ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки Ҷашни Наврӯз бо пешниҳод ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рӯйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО бо 76 унсури ғайримоддии худ аз кишварҳои гуногуни дунё ворид гардид. Қарори ворид намудани 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 давлати иштирокчии кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ қабул гардид.23 феврали соли 2010, дар 64-умин сессияи генералии Ассамблеяи СММ, дар чаҳорчӯби моддаи 49-и рӯзномаи ҷаласа, таҳти унвони “Фарҳанги ҷаҳон”, дар бораи ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз, 21 март ҷашн гирифтани Наврӯз қарор қабул гардид. Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон муштаракан таҳия, баррасӣ ва пешниҳод шуд. Бино ба матни қатънома Маҷмаи Умумии СММ ба чунин қарор омад, ки 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз дониста шавад.Худи ҳамон сол бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Наврӯз”, рӯзҳои 21 – 24 мартро Иди байналмилалии Наврӯз эълон намуданд.

Маълум аст, ки омадани фасли баҳор, гарм шудани ҳаво, об шудани барф ва эҳёи табиат ҳамаи халкҳои рӯи заминро қариб баробар шод мегардонад.Дар ҷашни Наврӯз яқ қатор бозиҳо: давидан, тухмзанӣ, аз болои оташ ҷаҳидан, гуштигирӣ, бандкашак, мусобиқаҳои гуногуни варзишии қадимӣ баргузор мегарданд.Ба тифлоне, ки дар фасли баҳор, яъне дар рӯзҳои наздик ба Наврӯз таваллуд мешаванд ба хотири ҷашни Наврӯзи Аҷам, Наврӯз, Наврӯзхӯҷа, Наврӯзгул, Наврузмоҳ, Наврӯзбӣ, Наврӯза ном гузошта мешаванд.Бояд гуфт, ки ҷашн гирифтани Наврӯз суннати қадимии мардуми тоҷик аст. Ин ҷашн дар заминаи урфу одатҳои муайян, анъанаҳо, ниёзҳои рӯзмарра, муносибатҳо бо муҳити зист ва омилҳои табиӣ, ки аз замонҳои қадим ташаккул ёфтаанд, эҷод шудааст. Ин анъанаҳо дар тули асрҳо васеъ паҳн шуда, аз ҷиҳати мазмун ғанӣ гардида, дар дохили мамлакатҳои алоҳида паҳн шуда, ба туфайли инкишофи муносибатҳои иқтисодию мадании байни мамлакатхо ва халқҳо анъанаи мустаҳкам гардиданд.

Дар сарчашмаҳои хаттӣ ривоятҳои зиёде мавҷуданд, ки ба қадимӣ будани Наврӯз ишора мекунанд. Тибқи баъзе маъхазҳо, Наврӯз аз замони Ҳахоманишиён (558-330 пеш аз милод) ба расму оин табдил ёфтааст. Сарчашмаҳои мукаммал дар бораи Наврӯз дар осори донишманди бузург Абӯрайҳони Берунӣ, «Ёдгориҳо аз халқҳои бостонӣ», «Қонуни Масъудӣ» ва «Ат-тафҳим» ва дар рисолаи Умари Хайём «Наврӯзнома» навишта шудаанд.Наврӯз бо вуҷуди тафовути андаке дар талаффуз дар забони кишварҳои туркзабон номи мафҳуми муштарак аст. Наврӯз, Навроз, Наурыз, Нарес, Меврис ва ғайра. Наврӯз барои мардуме, ки аз сардии зимистон безор шудаанд, маънои гарм шудани ҳаво, тағйир ёфтани иқлим ва замони барои кишту кор ба саҳро баромаданро дорад.

Бояд зикр намуд, ки ин ҷашни бостонӣ, мардумро муттаҳид мекунад ва ҷавононро дар заминаи ақидаҳои нек тарбия мекунад. Як замоне ҷашни гирифтани Наврӯз дар кишвари мо сахт мамнӯъ буд. Ҳарчанд мардум наметавонистанд Наврӯзро ба таври васеъ таҷлил кунанд, аммо суманакро, ки ғизои нодири баҳор маҳсуб мешавад, дар хона пинҳонӣ пухта ба беморон тақсим мекарданд. Арзишҳои мо, ки пеш аз замони истиқлолият саркӯб шуда буданд аз нав барқарор ва барои рушди минбаъда тадбирҳои зарурӣ таҳия карда шуданд. Имрӯз хушбахтона Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ ба таври васеъ таҷлил мегардад.

Ализода Дилфуза – донишҷӯи курси 2-и факултети баҳисобгирӣ ва иқтисодӣ рақамӣ, ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит.