Иқтисоди рақамӣ зуҳуротест, ки дар натиҷаи бошиддат ворид шудани унсурҳои техникӣ (технологияҳои иттилоотӣ-коммункиатсионӣ) дар ҷараёнҳои гуногунҷанбаи фаъолияти инсонӣ ба вуқуъ омада, ҳамчун падидаи густаришёбандае баромад мекунад, ки таъсири амиқи худро ба равандҳои иқтисодӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ расонида истодааст. Бояд дар назар дошт, ки таъсири иқтисоди рақамӣ дар равандҳои тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, истеъмолӣ ва дигар равандҳои ҳаётии ҷомеъа алакай ба таври назаррас татбиқ шуда истода, ҷараёнҳои он табаддулоти соҳавиро ба миён овардааст.
Агар зуҳуроти иқтисоди рақамиро дар ҳамбастагӣ бо бавуҷудоии инқилобҳои техникӣ бинем, пас метавон иброз намуд, ки нуфуз ва эътибори он дар оянда боз ҳам фузунтар хоҳад гардид ва ҳар оина дарк намудани ин ҳолат ба фоидаи кор хоҳад буд. Чун дар назар аст, ки ҳар чӣ пештар дарки амиқи ин раванд пайхас гардад, ҳамон қадар ба самараи баланд ноил гардидан имконпазир хоҳад буд. Дар ин замина дар баробари такомули пояҳои бунёдиву ниҳодии он дар кишвар ҳамчунин ба масоили омӯзиш ва ба таври самарабахш пиёда намудани унсурҳои он ва таъсири мутақобилаи он ба равандҳо низ диққати махсус бояд дод.
Аз ҷумла дар баробари ба равандҳои тиҷоративу истеҳсолӣ ва тавлиду истеъмолот муассир буданаш, иқтисоди рақамӣ ҳамчунин ба равандҳои таълиму тадрис низ таъсири бевосита хоҳад гузошт. Чун равандҳои татбиқшавии иқтисоди рақамӣ дар назар дорад, ки таълим аз равишҳои маъмул ба равишҳои навини омӯзиш хоҳад гузашт. Масалан дар шароити густариши иқтисоди рақамӣ дастрасӣ ба маводҳои омӯзишӣ фарохтар мегарданд. Ин раванд тавассути ба вуҷуд омадани платформаҳои омӯзишиву таълимӣ амалӣ хоҳад шуд, ки тавассути ин платформаҳо курсҳои онлайниву видеодарсҳо мақом ва ҷойгоҳи тадриси маъмулиро танг хоҳанд кард. Аз ҷониби дигар, тадрис дар шакли зикргардида метавонад шунавандагони сершумори дар маконҳои гуногун ҷойгиршударо фарогӣрӣ намояд, ки ин амал дар доираи фарогирии таълими маъмулӣ то ин дам номумкин ба ҳисоб мерафт.
Ҳамчунин татбиқи технологияҳои рақамӣ дар ҷараёни таълим имкон медиҳад, ки муносибатҳо бештар шакли инфиродиро бигиранд. Яъне, алгоритмҳое, ки маҳз бо зеҳни сунъӣ асос ёфтаанд, метавонанд донишазбаркунии донишомӯзонро таҳлил кунанд ва раванди таълимро ба эҳтиёҷоти инфиродии онҳо мутобиқ созанд ва ба ин васила ба ҳар як донишҷӯ вобаста ба қобилият ва имкониятҳои зеҳнии ӯ муносибат намояд. Дар раванди таълими фарогирандаи ҷараёнҳои рақамӣ воситаҳои муосири таълимие аз қабили воқеияти виртуалӣ (VR), воқеияти афзоянда (AR) ва барномаҳои гуногуни таълимӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, ки раванди таълимро интерактивӣ ва ҷолибтар хоҳанд кард. Ин ҷараён барои беҳтар дарк намудани мафҳумҳо ва назарияҳои мураккаб кӯмак мекунад ва омили ҷалби бештари шумораи донишомӯзон шуда метавонад.
Дар раванди таълим дар доираи таъсир ва инкишофи иқтисоди рақамӣ маҳоратҳои рақамӣ ва тахассусияти касбӣ дар оянда куллан тағйир ёфтанаш мумкин аст. Чун дар ин замина баъзе ихтисосҳо аз байн рафта, ҷойгузини онҳо ихтисосҳои навине хоҳанд шуд, ки мутобиқ ба талаботҳои замони муосир мебошанд. Ҳамин тавр муассисаҳои таълимӣ дар кадом шакле набошанд, дар ин раванд ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимии хешро ба роҳ бояд монанд, ки дар заминаи он барномаҳои таълимӣ бояд таҷдид гардида, мутобиқ ба талаботҳои ихтисосҳои нав тартиб дода шаванд. Ҳамзамон ихтисосҳои наве ба арсаи вуҷуд хоҳанд омад, ки фарогири маҳорату малакаҳои рақамӣ мебошанд.
Дар ин замина муассисаҳои талимӣ бо дарназардошти муносибатҳои муосири рақамикунонӣ дар соҳаи маориф бояд на танҳо ҷорӣ намудани технологияҳо, балки фароҳам овардани муҳити фарох ва устувори таълимии ба шароитҳои рушди босуръати технологӣ ва ба талабоҳои ҳам донишгирандагон ва ҳам таълимдиҳандагон ҷавбгӯйро ба назар гиранд. Ҳамин тариқ, равандҳои муосири рақамӣ дар бахши таълим бояд ба фароҳам овардани муҳити фарохи устуворҷанба, муҳити фардӣ ва муҳити дастраси таълимӣ равона карда шаванд, ки бо истифода аз технологияҳои пешрафта барои баланд бардоштани сифати таълим, баланд бардоштани самаранокӣ ва дастрасӣ ва омода кардани мутахассисони ба талаботҳои бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мусоидат намоянд.
Абдулмуминзода Н.А. – н.и.и., дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ
Ҳофиззода Ҳ.А. – н.и.и., дотсент, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ