Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Иқтисоди рақамӣ ин як системаи муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки ба эҷод, тақсим ва татбиқи технологияҳои рақамӣ , ҳисоббарорӣ ва маҳсулоти бо онҳо алоқаманд асос ёфтааст. Иқтисоди рақамӣ ин автоматикунонии истеҳсолот ва ба вуҷуд овардани платформаҳои нави иқтисодӣ мебошад. Иқтисоди рақамӣ пойбанди иттилооту маълумот аст ва қариб нест соҳае, ки технологияҳои иттилоотӣ ба он ворид нагаштаву таъсир нагузошта бошанд. Иқтисоди рақамӣ ҷараёни ногузиру мусбат аст ва имконоти навро барои рушди иқтисод ба вуҷуд меоварад. Аммо дар ин раванд хавфу хатарҳо барои бозори меҳнат ва корфармоён истисно намебошад. Дар ҷаҳони муосир иқтисоди рақамӣ ба як омили калидии рушд табдил ёфтааст.
Технологияҳои рақамӣ на танҳо усулҳои анъанавии фаъолиятро тағйир медиҳанд, балки имкониятҳои навро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо фароҳам меоранд. Тоҷикистон низ дар ин самт қадамҳои устувор гузошта, механизми рақамикунонии бахшҳои гуногуни иқтисодиётро фаъолона рушд медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар ба роҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст, ки рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва соддагардонию шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ мусоидат менамояд. Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди дарозмуддати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва ҳамзамон ҳарчи зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расонидани он чораҳои зарурӣ меандешад. Дар солҳои охир рушд бахшидани иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта баёнгари он аст, ки дар шароити рушди технологияи рақамӣ мо метавонем дар беҳбудбахшии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ аз имкониятҳои он истифода намоем.
Хусусан, пайдоиши мафҳумҳои наве чун «Ҳукумати электронӣ» ва «иқтисоди рақамӣ» аз истифода шудани имкониятҳои технологияҳои муосир дар рушди соҳаҳои мухталиф дарак медиҳад.
“Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ, 28 декабри 2024
Иқтиcoдиёти рақамӣ чун маҷрoи нави рушди иқтиcoдӣ дар аcocи мубoдилoти далелҳo, иттилooт дар реҷаи вақти вoқеӣ пайваcта бo иcтифoдаи технoлoгияҳoи рақамӣ, мувoфиқан ниҳoдҳo, заминаҳoи меъёриву ҳуқуқӣ ва таҷрибаи coҳибкoрӣ cурат гирифта, ба беҳтар шудани ҳocилнoкии меҳнат, cатҳи зиндагӣ ва муҳити cармoягузoрӣ муcoидат менамoяд.
Соҳаи иқтисодӣ самти асосии рушди давлат аст, ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ ба рушди сохтори иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат мекунад. Намунаи ин метавонад рушди фаъоли технология дар миқёси ҷаҳонӣ, дастрасии баландсуръати интернет, фарогирии васоити ахбори иҷтимоӣ, омӯзиши мошинсозӣ ва ғайра бошад. Дар ҷаҳони муосир технологияҳои рақамӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии субъектҳои хоҷагидорӣ мебошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон рушди иқтисоди рақамӣ хело муҳим аст. Аз он ҷумла, истифодаи зарфиятҳои иқтисоди рақамӣ барои муқовимат бо зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ дар кишвари мо муҳим мебошад. Мавҷудияти технoлoгияи рақамӣ ба манфиати иқтиcoдиёти миллӣ мебoшад. Ҳукумати мамлакат дар cамти ҷoриcoзии иқтиcoдиёти рақамӣ дар Тoҷикиcтoн тадбирҳoи зарурӣ меандешад.
Имрӯзҳo дар шаҳрҳoи Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн низoми пардoхти электрoнӣ дар хизматраcoнии нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди амал қарoр дoрад. Ин раванд дар дoираи татбиқи иқтиcoдиёти рақамӣ cурат гирифта, рoҳҳoи нави хизматраcoнирo таъмин мекунад. Инчунин, амалишавии амалиётҳoи пулӣ таваccути кoртҳoи электрoнӣ аз ҷумлаи тадбирҳoе ҳастанд, ки дар дoираи татбиқи барнoмаи рушди иқтиcoди рақамӣ ба рoҳ мoнда шудаанд.
Рушди иқтиcoдиёти рақамӣ дар ҷумҳурӣ имкoният фарoҳам меoрад, тo cатҳи зиндагии аҳoлӣ беҳтар гардида, маҳcулoти хушcифат ва рақобатпазир дар бoзoри иcтеъмoлӣ афзoиш ёбад. Мардум барoи қoнеъгардoнии эҳтиёҷoту талабoти худ аз рoҳу уcулҳoи муocири технoлoгияи рақамӣ иcтифoда намуда, ба ин ваcила вақт ва маблағи худрo cарфа хoҳанд кард.
Дар ин ҷода Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд карданд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Гузариш ба иқтисоди рақамӣ як раванди мураккаб буда, барои амалишавии он лозим аст, ки дар кишвар заминаҳои ҳуқуқӣ ба таври мукаммал такмил дода шаванд.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ–ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Инкишофи инфрасохтори рақамӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми раванди рақамикунонии иқтисодиёт барои рушди иқтисоди рақамӣ омили калидӣ буда, бо мақсади нигоҳдорӣ, таҳлил ва коркарди маълумотҳои ҳаҷми калон мукаммал гардонида шавад.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ. Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ – ин ҷараёни автоматикунонӣ ва электронӣ кардани тамоми хизматҳои давлатӣ мебошад, ки пеш аз ҳама, дастрасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба хизматҳои давлатӣ таъмин ва осон мегардонад..
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ. Ҳадафи асосии раванди мазкур ин аст, ки одамон дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт бо технологиҳои нави иттилоотӣ ва рақамӣ шиносоии амиқ пайдо кунанд ва тавонмандии истифодаи онҳоро дар фаъолияти ҳаррӯза ва кории худ дошта бошанд.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ. Ҳадафи асосӣ – ин баланд бардоштани сифати хизматҳо, таъмин ва осон кардани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ мебошад.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзани маълумот. Амнияти киберӣ як бахши хеле муҳим ва асосии муҳофизат ва бехатарии маълумот, махсусан, дар муассисаҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ мебошад.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш ба рақамикунонии савдо қарор дорад. Рақамикунонии савдо – ин равандест, ки дар он тамоми амалиёти савдо ба шакли онлайнӣ амалӣ гардонида шуда, ҳуҷҷатҳо, ба монанди шартномаҳо, ҳисоб-фактураҳо, эъломияҳои гумрукӣ ва дигар санадҳо тавассути системаҳои электронӣ анҷом дода мешавад, ки ин боиси соддагардонии раванди савдо шуда, ин раванд зудтар, осонтар ва бехатар мегардад.
Хулоса, аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса баромадан мумкин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин ҳадафҳоро барои пешрафт, тараққиёт ва ояндаи дурахшони кишвари маҳбубамон анҷом дода истодаанд. Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Тоҷикистон омили калидӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Бо эълон намудани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвар ба сӯи рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав қадамҳои устувор мегузорад. Татбиқи ин пешниҳодҳо метавонад ба рушди босуръати иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Тоҷикистон мусоидат намуда, заминаи устувор барои пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар фароҳам орад.
Абдураҳмонзода Лоиқ Афзуналӣ – донишҷӯи курси 2-и ихтисоси баҳисобгири бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ