Воқеъан пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад зиндагонӣ намуда, умр ба сар барад. Бояд гуфт, ки пирях аксар вақт ҳамчун синоними пиряхшавӣ истифода мешавад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рангин аст.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Ин иқдом дар таърихи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқ онро қабул кард.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки соли “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қабул ва эълон гардид.
Қайд кардан бо маврид аст, ки пиряхҳо массаҳои ях мебошанд ва он дар минтақаҳои кӯҳӣ бо барфи доимӣ ҷамъ мешаванд ва қисми поёнии онҳо мисли дарё оҳиста-оҳиста лағжида меоянд. Пирях дар шароити тадқиқи геологии водиҳо ва кӯҳҳо аҳамияти ниҳоят калон пайдо мекунад. Ҳамчун як далели ҷолиб, мо бояд қайд кунем, ки мувофиқи тарзи муайян кардани мафҳуми ҷуғрофияи физикӣ, ки бо номи пиряхология маълум аст, яке аз хусусиятҳои асосии он мавҷудияти яхбандӣ дар ҳарду нимкураи (Ҷануб ва Шимол) мебошад. Гумон меравад, ки пиряхҳо боқимондаҳои давраи охирини яхбандӣ мебошанд. Дар он вақт ҳарорати ниҳоят паст яхро маҷбур мекунад, ки ба марзҳои поёнтар равон шавад, ки иқлим ҳоло гарм мешавад. Дар бораи об Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз минбарҳои баланд суханронӣ намуда фикру ақидаҳои худро оиди масъалаи об ба ҷаҳониён пешниҳод гардонанд.
Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».
Албата ин гуна суханрониҳо диққати ҷаҳониёнро басо рангин месозад. Бояд дар ин раванд мо бикӯшем то ки обро неъмати бебаҳо дониста онро тозаву озода ва покиза нигаҳ дорем. Бе об, мо ҳаёт ба сар бурда наметавонем, чунки об ин манъбаи ҳаёт мебошад. Об ин нерудиҳандаи инсон ба шумор рафта, 80% узви бадани инсонро об ташкил медиҳад. Агар инсон аз об танқисӣ кашад пас он зиндагонӣ карда наметавонад. Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат доир ба об ва сиёсати обӣ дар тӯли 15 соли охир аз ҷониби СММ пайваста дастгирӣ меёбанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
Воқеан, вобаста бо афзоиши нуфуси аҳолӣ дар ҷаҳон ва тағйирёбии иқлим норасогии оби ошомиданӣ бошиддат меафзояд. Ҳамасола, танҳо тавассути маълумоти расмӣ дар рӯйи Замин бо сабаби сифати пасти об ва норасогии оби сифатнок 4,5 миллион одамон ҳалок гашта, анқариб як миллиарду 200 миллион ба маризиҳои мухталиф гирифтор мегарданд. Об аз як намуди захираи одию дастраси табиӣ ба захираи ҳаётан муҳимми иқтисодӣ мубаддал шудааст. Он рӯз дур нест, ки об мавқеи нафту газро, ки асбоби танзимкунандаи сиёсати ҷаҳониянд, иваз намояд. Аллакай, баръало рушан аст, ки об ҷузъи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ маҳсуб шудааст. Пиряхҳо ташкилкунандаи об ба ҳисоб мераванд.
Аслан пиряхҳо аз қисматҳои гуногун иборат мебошанд:
- Минтақаи ҷамъкунӣ;
- Минтақаи бекоркунӣ;
- Тарқишҳо;
- Моренес;
- Терминал;
Мафҳуми пирях инчунин аксар вақт барои истинод ба раванди моделсозии релеф аз пастшавии намоёни ҳарорат, ки боиси рушди пиряхҳо мегардад, истифода мешавад. Аз ин рӯ, пиряхшавӣ ин натиҷаи иқлим мебошад. Масалан, вақте пирях ба вуҷуд меояд, он аз ҳисоби саҳми ях аз оби яхшуда, бориши барф ва тарма мерӯяд. Пиряҳҳо дар навбати худ дар натиҷаи ҷудошавӣ ва бухоршавӣ, вазни худро гум мекунанд.
Чунин намуди гуногуни пиряхҳо мавҷуданд:
- Пиряхи баландкӯҳ;
- Сирки пиряхҳо;
- Кӯлҳои пиряхӣ;
- Водии пиряхҳо;
- Инландсис;
- Друмлинс;
Қисми зиёди пиряхҳои Тоҷикистонро пиряхҳои баландкӯҳӣ ташкил медиҳад.
Фарқи байни талафот ва афзоиши масса мувозинати пиряхӣ номида мешавад.
Пиряхҳо яхҳои фишурдашудае мебошанд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ба вуҷуд меоянд. Афтиши муттасили барф ва ҳарорати пасти 0 дараҷа ба таври муттасил боиси он мегардад, ки барф дар ҳамон ҷо ҷамъ шуда, онро ба ях табдил медиҳад.
Пиряхҳо бузургтарин ашё дар сайёраи мо мебошанд. Ҳарчанд мо метавонем далелҳои пиряхшавиро дар давраҳои гуногуни геологӣ дастрас намоем, пиряхҳои ба истилоҳ чаҳоргона ҳамонест, ки таваҷҷӯҳи бештари муҳаққиқонро ба худ ҷалб менамояд, зеро мероси онро дар манзараи кунунӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Ин робитаи зичи байни пиряхҳо ва иқлим пиряхҳоро ба мавзӯи таваҷҷӯҳи олимон ва табиатшиносон табдил додааст. Ба ин маъно, гармшавии глобалӣ ба пиряхҳо таъсир мерасонад ва ба ақибнишинӣ ва нобудшавии пиряхҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, кӯшишҳо барои суст кардан ва баргардонидани тағирёбии иқлим барои сайёра хеле муҳим мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, пиряхҳо дар натиҷаи гарми обро ба миён меоранд.
Об манбаи бузурги истеҳсоли неруи барқ низ мебошад ва кунун захираҳои потенсиалии энергетикии он дар ҷумҳурӣ қариб ба 530 млрд кВт/соат мерасад. Сабаби асосии пайдоиши чунин энергияи зиёд дар ҳудуди кишвар ин аз минтақаҳои баландкӯҳ дар натиҷаи об шудани пиряхҳо сарчашма гирифтани дарёҳо ба ҳисоб меравад. Аммо, дар айни замон ҳамагӣ анқариб 3,5% захираҳои гидроэнергетикии кишвар истифода мешавад. Аз ҳудуди Тоҷикистон калонтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ – Ому, Сир, Зарафшон ҷорӣ мешаванд. Ҳавзаи дарёи Ому бузургтарин дар минтақа буда, аксари дарёю рудҳои хурди Тоҷикистон ба ин ҳавза тааллуқ доранд. Масоҳати ин ҳавза ба 227 ҳазор километри мураббаъ расида, сарҳади он дар шимол бо қаторкӯҳҳои Олою Туркистон, дар шарқ бо кӯҳҳои Сарикӯл ва дар ҷануб то кӯҳҳои Ҳиндукуш мерасад. Дарозии умумии дарёи Ому 2540 километрро ташкил дода, серобии он назар ба дарёи Сир се маротиба зиёд аст. Он аз ҷиҳати серобӣ қариб ба дарёи калонтарини Африко – дарёи Нил баробар аст. Вале ҳамагӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз 18 то 22% оби ҳавзаи дарёи Ому истифода мешавад. Боқимондаи он дар кишварҳои ҳамсоя баҳрабардорӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шуда истодааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Ин мафҳумро бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси маълумотҳои ба даст овардаи муҳақиқон пешниҳод менамоянд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф ба ҳисоб меравад, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи оби баҳрҳо таъсир расонида метавонад. Аз ин рӯз моро зарур аст, ки мо бояд обро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, чунки бе об дар олами ҳастӣ ҳайёт вуҷуд надорад. н.и.и. дотсенти кафедраи “Кибернетика ва иқтисоди рақамӣ” Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алимардонов Тоҳирҷон Ашуралиевич