Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои муҳимтарини таърихӣ ва миллии мо бузургтарин ва муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аҳамияти ин санаи таърихӣ чунин ибрози андеша намудаанд:
“Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихиеро фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.
Халқи тоҷик ва тамоми сокинони Тоҷикистон дар тули соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ соҳиб гардид.
Муҳимтарин дастоварди мо дар даврони истиқлолият ин пеш аз ҳама расидан ба ваҳдат ва оштии миллӣ, таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани якпорчагии марзу буми аҷдодӣ буд. Зеро бе ваҳдату якпорчагӣ бунёди давлати озод, амалӣ сохтани орзуву ормонҳои таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои ояндасоз ғайриимкон буд.
Бояд гуфт, ки истиқлол ва бунёди давлати миллӣ ба ҳам робитаи пайваста дошта, бидуни ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Маҳз истиқлол поя ва имконияти бунёди давлати миллиро фароҳам меорад. Аз рӯи адолат бояд гуфт, ки тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият бо ному пайкори хастанопазир ва ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи қавӣ дорад.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд.
Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари давлат роҳ ба сӯйи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намуданд.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки “ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст”.
Аз ин рӯ, вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ, давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Ҳифзи истиқлолият дар масири таърих гуногун аст. Маъмулан дар байни сиёсатшиносон, ҷомеашиносон ду роҳи эътирофшудаи он – яке маънавӣ ва дигар низомӣ машҳур аст. Сарвари давлати тоҷикон дар ҳарду самт иқдомҳои муҳим ва тақдирсозро роҳандозӣ намуда, дар таҳкими истиқлолияти ғоявӣ, маънавӣ, иқтидори мудофиавии кишвар, таъмини якпорчагӣ, дахлнопазирии сарҳад, хизматҳои шоиста намуданд.
Дар ҳақиқат, ҳар як инсони оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тули солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст. Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни бояш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд.
Яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад. Дар баробари ин, бо донистани рукнҳои асосӣ дарк намудани иқтисодиёти миллӣ ва ё вазъи иқтисодии мамлакат низ яке аз унсурҳои муҳимтарини худшиносии миллист. Маҳз ҳамин худшиносии миллӣ ва устувории иқтисоди миллӣ буд, ки моро дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, даъвати Тоҷикистонро барои ворид шудан ба Созмонҳои сатҳи гуногуни байналмилалӣ пазируфтанд. Ин манофеъ ба рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат намуда Тоҷикистонро боз ҳам дар арсаи байналмилалӣ машҳуру маъруф мекунад.
Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлолияти ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.
Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Расулзода Додулло Тоҷиддин, Маҷидзода Баҳодур Аҳмад, устодони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ