Истиқлол бо тамоми ҷанбаҳояш падидаи арзишманд ва дурахшон барои ҳар миллату халқият маҳсуб меёбад. Он имкон медиҳад, ки миллат аз асорату маҳдудият ва раванди косташавии нуфузаш дар ҳудуди муайян раҳо ёбад. Таҷрибаи ҳаёти миллату халқҳои алоҳида нишон медиҳад, ки дар роҳи ба даст овардани соҳибихтиёрӣ то имрӯз ҷонбозиҳо ва талошҳои зиёд гардидааст. То имрӯз халқҳои зиёд ҳастанд, ки баҳри ба даст овардани истиқлол дар минтақаҳои мухталиф талош доранд. Таърих халқҳои зиёдеро медонад, ки аз боиси надоштани соҳибихтиёрӣ ва имконоти сиёсиву фарҳангӣ ҳастии худро аз даст додаанд. Дар воқеъ тањлилҳо нишон медиҳанд, ки истиқлол кафили эҳёи миллат дар ҳар давру замон аст. Истиқлол заминаи аз нав эҳё гардидани миллат ва ҳастии онро таъмин месозад. Он имкон медиҳад, ки ормонҳои миллӣ, ки собиқаи ҳазорсолаҳо доранд дар муддати кутоҳтарин амалӣ гарданд. Мо аҳаммияти махсуси истиқлолро метавонем танҳо бо мисол овардан аз таҷрибаи таърихии халқи тоҷик дарк намоем. Миллати тоҷик дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ бо сабабҳои мухталиф чандин маротиба истиқлоли хешро аз даст додааст. Ҳатто ба муддати хеле зиёд қариб ҳазор сол миллати тоҷик аз истиқлол бенасиб буд. Баъди барҳам хӯрдани давлати Сомониён ҳарчанд дар баъзе аз минтақаҳои Хуросону Мовароуннаҳр ҳукуматҳои тоҷикӣ таъсис ёфт, вале онҳо истиқлоли комил надоштанд, бинобар ин аксаран ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии халқи тоҷик боиси сиёсати аз маърифат дури ҳокимони аҷнабии кучманчӣ ба буҳрон гирифтор мешуд. Буҳрон дар ҷомеа таъсири хеле манфӣ расонида, ба ҳастии миллати тоҷик хатарҳои зиёд эҷод намуда буд. Унсурҳои ҳастии миллат аз боиси набудани истиқлоли миллӣ ва давлатӣ қариб ба нестӣ мерасид. Хушбахтона дар заминаи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки баъди заволи низоми сотсиалистӣ ва давлати Шуравӣ ба истиқлоли миллӣ ва давлатӣ соҳиб гардад. Новобаста аз он, ки истиқлоли давлатӣ дар ибтидо ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд, дар муддати кутоҳ ба миллати куҳанбунёду дурандеши тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар муддати кутоҳ сулҳу ваҳдати миллӣ таъмин карда шавад. Дар заминаи Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид, ки дурнамои рушди давлатдории миллии тоҷикон тарҳрезӣ карда шавад. Имрӯз бо шарофати истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори давлатӣ демократӣ, дунявӣ ва ягона қарор дорад, ки дар муддати 32 сол дар ин самт муваффақиятҳои зиёд ба даст омад. Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки роҳи мутамаддини давлатдорие интихоб карда шавад, ки он кафолати ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ шудани тоҷикон гардад. Маҳз пеш гирифтани низому шакли мушаххаси давлатдорӣ имкон дод, ки дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат ба дастовардҳои беназир соҳиб гардад. Миллати тоҷик бо таҷриба аз таърихи хеш дар муддати 32 соли Истиқлол роҳи садсолаи баъзе давлатҳоро сипарӣ намуда, ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардид. Истиқлол ба мо икмон дод, ки ҳамчун миллати тамаддунофар эҳё гардему дар сатҳи байналмилалӣ субъекти мустақили хешро дошта бошем то аз манфиатҳои миллӣ ҳимоя намояд. Тоҷикистон ҳамчун актори фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ имрӯз ҳамчун ҷониби ташаббускор эътироф шуда, мизбони ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ имрӯз дар роҳи мубориза ба муқобили тамоми падидаҳои номатлуб, махсусан, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ифротгароӣ ва дигар хатарҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи устуворро ишғол намудааст. Мавқеи ҷониби Тоҷикистон имрӯз дар мубориза ба муқобили тамоми падидаҳои номатлуб ва ҳалли дурусту оқилонаи масъалаҳои ҳаётан муҳимми сатҳи ҷаҳонӣ боис гардидааст, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати сулҳпаравар эътироф гардад. Бояд иброз намуд, ки аз аҳди бостон то имрӯз дар меҳвари фарҳангу тамадддуни тоҷикон инсондӯстӣ ва арҷ гузоштан ба ҳаёти инсонӣ қарор дошт ва дорад. Имрӯз ҳам дар доираи сиёсати “дарҳои боз” ба мо муяссар гардид, ки бо тамоми халқҳои ҷаҳон дар самтҳои мухталиф дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем. Зарур аст, ки баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва муваффақ гардидан дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ муттаҳиду ҳимоятгар аз манфиатҳои миллӣ бошем. Танҳо давлатдории миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ба мо имкон медиҳад, ки ҳамчун миллат оромонҳои таърихии хешро дар амал татбиқ намуда, зиндагии шоиста дошта бошем. Бузургии миллату давлат аз истиқлол ва ваҳдати ҷомеа вобаста мебошад.
Абдулмуминзода Насимҷон – декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ