ПАЁМ ВА МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ

314

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили иқтисодӣ аз оғоз то анҷом нақши марказӣ дошт ва ин бесабаб набуд. Зеро айни ҳол буҳрони иқтисодии комил ҷаҳонро зери таъсир қарор дода, пайомадҳои ниҳоии он барои касе мушаххас нест. Паёми имсола аз он ҷиҳат руҳбаландӣ дошт, ки дар чунин давраи буҳронӣ кишвари мо бо амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ чандин проблемаҳои мубрамро ба осонӣ паси сар намуд.  Соли 2022 соли бобарор гуфта шуд, ки ин воқеият дорад. Заминаи аслии ин мавҷуд будани ислоҳоти зина ба зинаи иқтисодӣ мебошад, ки дар асоси он рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омада истодааст. Оқилона ва мақсаднок будани ин раванди ислоҳот боиси он гардидааст, ки “…дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт”. Омодагӣ ва чораандешиҳои саривақтӣ тавонист, ки натанҳо вазъи иқтисодиро дар ҳолати мутавозун нигоҳ дорад, балки пешравиҳои иқтисодиро низ таъмин намояд. Ин андеша аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст. Ин нуқта дар Паём бо чандин паҳлуҳои фарогир мавриди таъкид қарор дода шуд: соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд”.

Сарвари давлатамон натанҳо дар доираи Паёми имсола, балки дар ҳама суханрониҳояшон як ҳадафи асосӣ доранд, ки он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқамон мебошад. Барои ин талоши шабонарӯзӣ менамоянд ва дар доираи тамоми имконот кушиш менамоянд, ки халқи азизашон зиндагии шоиставу арзандаро соҳиб гардад. Пешвои миллат барои он аз иқтисоди миллӣ пуштибонӣ менамоянд, ки пешрафти устувору натиҷабахши чунин иқтисодиёт кафолати таъмини зиндагии шукуфон мебошад. Таҳлилҳои Пешвои миллат дар Паём гувоҳи онанд, ки ислоҳоту амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегӣ натиҷаҳои хубро ба миён овардаанд: “Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид”. Афзудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ як омили барҳам задани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Агар мо нишондиҳандаву рақамҳоро ба остонаи замони соҳибистиқлолӣ қиёс намоем, фарқ аз замин то осмон аст. Тоҷикистон баъд аз солҳои 2000 ислоҳоти густурдаи иқтисодиро пеш бурда истодааст. Барои ҳар як фарди равшанфикр возеҳ аст, ки давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт беҳтар мешаванд. Ба ин раванд ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат боз ҳам амиқтар мусоидат намуда истодааст. Ҳамин аст, ки сатҳи камбизоатӣ торафт коҳиш дода мешавад ва тавре дар Паём зикр гардид, “…дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд”. Таҳлилҳо дар Паёми имсола дар масъалаҳои иқтисодӣ мушаххас буданд ва нишондиҳандаву пешрафтҳо дар доираи факту рақамҳо хеле хуб нишон дода шудаанд. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ин таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсоли даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ба миён омаданд. Ин ҷиҳат тавонист, ки муҳоҷирати кориро низ коҳиш диҳад. Тавре дар Паём таъкид гардид, ки чи гуна танҳо дар давоми соли 2022 дар ҷумҳурӣ 190 ҳазор ҷойи кории нав ба миён омаданд: ”…дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд”.

Яке аз самтҳои назарраси чунин ислоҳоти самаранок дуруст ба роҳ гузоштани системаи молиявию бонкӣ ба ҳисоб меравад. Қурби асъори миллӣ дар мушкилтарин давраҳо дар сатҳу андозаи муайян нигоҳ дошта шуд. Андешидани тадбирҳои саривақтӣ боис гардиданд, ки муфлисшавии системаи бонкӣ пешгирӣ карда шавад. Давра ба давра дар шакли муназзам баланд бардоштани маош, нафақа, стипендия ва дигар пардохтҳои молиявӣ сабаб гардиданд, ки сатҳи камбизоатӣ ало рағми буҳронҳои молиявӣ торафт коҳиш ёбад. Аммо тавре дар боло зикр гардид, алҳол иқтисодиёти ҷаҳонӣ низоми худро ба таври пешгӯинашаванда тағйир дода истодааст. Аз ин ҷиҳат як андоза вазифаҳову андешидани тадбирҳои иловагӣ аз назари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонданд: “Дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин, таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд”.

Тавре дар муқаддимаи Паём ишора гардид, соли 2022 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилтарин давра ба шумор рафта, давлату кишварҳои алоҳида давраи буҳронии мураккаберо паси сар карда истодаанд. Бояд гуфт, ки ин ҳолат ҳатто барои бузургтарин кишварҳои саноативу пешрафта истисно нест. Ба таври мисол давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ки як навъ нозири иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошанд, ба буҳронҳои молиявӣ, аз ҷумла беқурбшавии асъор рӯ ба рӯ гардидаанд. Зуд-зуд дар доираи самммитҳои ҳаштгонаву бистгона андешидани чораҳо низ алҳол самараи дилхоҳ наовардаанд. Дар чунин вазъ низоми иқтисодии ҷумҳурии мо дар ҳолати муқарарӣ қарор дошта, қурби асъори миллии мо мусбат арзёбӣ мегардад, ки ин нуқта низ дар Паём таъкид гардид. Ҳамзамон боз ҳам ба он ишора гардид, ки дар муқобили маҷрои буҳронҳои мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд: “Дар соли 2022 қурби пули миллӣ муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил намуд… Вале хавфҳои эҳтимолӣ водор месозанд, ки дар ин ҷода тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд”.

            Вобаста ба чанд нуктаи боло зикр бояд кард, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи иҷтимоиву иқтисодӣ ҷумҳурии мо дар роҳи инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор дорад. Ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат муваффақона амалӣ мегардад, ки онро мантиқи Паёми имсола ифода мекард. Дар ин ҷода танҳо муттаҳидиву меҳнати софдилонаи ҳар як шаҳрванди кишвари мо нақш дошта метавонад. Чунин оҳанг аз оғоз то анҷоми Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаро мегирифт.

Насимҷон Абдулмуминзода, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ