САДА – МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКОН

99

Таърихи пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва оташ аст, хеле қадимӣ буда, ба давраҳои ориёӣ мерасад. Дар бораи ҳастии он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ) ва ҳам хаттӣ дар устураҳои мансух ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба мо расидааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошанд, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам дида мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки «Одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан мегиронданд, базм меоростанд, шодию хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд».

Бо шарофати Истиқлол ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, ҳамчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳими дорои хусусияти ватандӯстона Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хизмат намудаанд.

Боиси сарфарозӣ аст, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёкон, ки барои рушди тамаддуни башарӣхизмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми ҷашнҳои миллию мардумӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон хосса мебошад.

Оид ба ҷашни Сада дар ҷумҳурӣасарҳои илмӣ ва оммавӣ андак буда, мақоми ин ҷашни миллӣ кам шарҳ ёфтааст ва таҷлили он низ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: «… барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад».Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносию мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуда, давоми се даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварданд. Махсусан, барои шинохти миллати тоҷик ва таърихи ниҳоят қадимаи он якчанд таълифоти илмӣ арзи ҳастӣкарданд, ки онҳо ба таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.

Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҳамешаги Хуршед ва муқаддас донистани оташ бошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз бо пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар байни мардум густариш пайдо намуд.

Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба чилрӯзагии ҷашни Хуршед ва оташу рӯшноӣасос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣворид карда бошад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мӯбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо он намои Ҳурмузд маҳсуб шуда, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид.

Доир ба пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар ҳол пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммуи рӯшноӣва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдан онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мафҳумҳои хуршед, рӯшноӣва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин хусус Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишораи ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар байни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохтанд, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Ҳамин аст, ки Хуршед дар байни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».

Маҳз ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардид.

Дар хусуси таърихи ҷашни Сада Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ахбор пешниҳод намуда, қадимияти онро тасдиқ кардааст ва арзиши онро барои мардум муҳим медонад.

Раиси занон ва донишҷӯдухтарони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ Тошева М.Н.