ТАВОНИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ

151

Чи дар гузашта ва чи имрӯз инсонро аз рӯи аломатҳои этникӣ ва нажодӣ мешиносанд ва мансубияти ӯро эътироф менамоянд. Агар миёни ҳамқавмону ҳамнажодон иттиҳод бошад, пас мондагории онҳо кафолат дода мешавад. Маҳз мақсади ягона ва манфиатҳои умумӣ инсониятро бо дарназардошти баромади этникӣ ба ҳам муттаҳид менамояд. Иттиҳоду ҳамбастагӣ ба миллату халқиятҳо имкон фароҳам меорад, ки ормонҳои худро дар амал татбиқ созанд. Иттиҳод ба миллат озодӣ, ҳақу ҳуқуқ, тавонмандӣ ва қудрат мебахшад. Барои миллати соҳибихтиёру соҳибистиқлол нодиртарин падида дар роҳи амалишавии ҳадафҳои стратегӣ баҳри таҳкими озодӣ ва давлатдории миллӣ иттиҳод ва ё ҳамбастагии миллӣ маҳсуб меёбад. Иттиҳод дар умум ваҳдат, сулҳу салоҳ, суботи сиёсӣ, амният, ҳамдигарфаҳмӣ, дар роҳи рушд ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ будан аст. Ваҳдати миллӣ хоси миллати мутамаддину бофарҳанг ва таҷрибадору озодманиш аст. Таҷрибаи таърихии ҷомеаи башарӣ собит менамояд, ки сабаби асосии аз байн рафтани миллату халқиятҳо ва давлатҳои зиёд, набудани суботу оромӣ, ки сарчашмаи асосии он ягонагӣ ва ваҳдат аст, ба ҳисоб мерафт. Он қишри ҷомеа ба қадри ягонагиву ваҳдат расида метавонад, ки қабл аз ҳама дарки дурусти паёмаду самараи онро дошта бошад. Дарку фаҳмиш бошад, аз маърифати ҷомеа вобастагии зиёд дорад. Дар он ҷомеае, ки маърифат ғолиб аст, албатта ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад. Ваҳдат қабл аз ҳама дарки дурусти ҳамдигарии қишрҳои ҷомеа аст. Нодиртарин шаклҳои ваҳдат – ваҳдати миллӣ аст, ки миллатро новобаста аз маҳал, қавм, мазҳаб ва баромади иҷтимоӣ дар доираи як ҳадафи умумӣ, ки дар меҳвари он рушди босуботи ҷомеа қарор дорад муттаҳид менамояд. Таҷрибаи таърихи умумиҷаҳонӣ собит менамояд, ки пояи асосии истиқлолу озодӣ ваҳдати ҷомеа аст.

Пояи давлати соҳибистиқлоли миллӣ бошад, ваҳдати миллӣ аст, ки он имкони боқӣ мондани миллатро дар саҳифаҳои ояндаи таърих кафолат мебахшад. Ваҳдат имконияти амалишавии ҳадафҳои олии миллат аст, ки дар меҳвари он соҳибихиёрӣ қарор дорад. Ваҳдат ҳам дар роҳи ба истиқлол расидан ва ҳам баъди амалшавии он лозим аст. Он дар аввал истиқлол ва баъдан ба ҷомеа субот ва осудаҳолӣ мебахшад.

Таҳлилу баррасии таҷрибаи таърихи навини давлатдории тоҷикон исбот намуд, ки бе ваҳдат устувории истиқлол ва ҳастии миллат зери шубҳа қарор мегирад. Истиқлоли давлатии мо агарчи ба 9-уми сентябри соли 1991 рост меояд, вале то 27-уми июни соли 1997 зери хавфу хатар қарор дошт. Маҳз имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” имкон дод, ки бақои истиқлоли давлатӣ кафолат дода шавад. Сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки хатари парокандашавии миллату давлати тоҷикон баратараф карда шавад. Муддати панҷ сол (1992-1997) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба ҳам омадани миллати тоҷик ва аз ҳоли нестшавӣ наҷот бахшидани Тоҷикистон талош намуда, дар ин роҳ тамоми қувваи хешро истифода намуд.

Новобаста аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ донишу хирад ва ҷасорати хоссаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки миллати тоҷик ба ҳам ояд. Садҳо ҳазор аҳолии кишвар ру ба фирор оварду садҳо нафари дигар ба бозиҳои душманони миллат дода шуданд. Миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик даст ба гиребони ҳам зад. Дар чунин лаҳзаи вазнину мураккаб ва сарнавиштсоз барои миллату давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотбахши миллату давлати тоҷикон ворид шуд. Сарвари давлат ба хубӣ дарк намуда буд, ки ягона роҳи бартараф намудани моҷарои сиёсӣ, ки боиси харобҳои зиёд гардида буд дар ба даст овардани ваҳдати миллӣ аст.

Маҳз талошҳои Сарвари давлат дар роҳи ба ҳам омадани ҷомеа имкон дод, ки гуфтушуниди ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати мухолифин оғоз гардад. Аз моҳи апрели соли 1994 то соли моҳи июни соли 1997 дар ҳашт марҳила дар шаҳрҳои мухталифи кишварҳои собиқ шуравӣ ва хориҷи наздик гуфтушунидҳо баргузор гардид. Талошҳои Сарвари давалат боис гардид, ки Созишномаи тоҷикон ба имзо расад.

Имрӯз баъди 27 соли имзои шартномаи сулҳ миллати тоҷик ба дастовардҳои зиёду мондагор ноил гардид, ки ин ҳама самара заҳмату талоши Сарвари давлат ва ҷасорати ӯ дар роҳи ба ҳам омадани миллат аст. Зарур аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз аз ҷониби қишри зиёии мамлакат ба насли наврасу ҷавони кишвар шарҳу тавзеҳ дода шавад. То наслҳои ояндасози миллату давлат дар ҳифзи асолати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ уствору пройбарҷо бошанд. Ҳифзи ваҳдати миллӣ, ки кафолати қударти мо миллати тоҷик аст, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баномусу шарафманд аст. Шарафи мо дар ваҳдати мо ва якдилии мо инъикос мегардад, ки ин якдилӣ ба сӯи бузургӣ ва тавоноӣ мебарад. Имзои созишномаи сулҳи тоҷикон таҷрибаи нодири таърихӣ буда, имрӯз барои аксар дарси иборат аст. Ҳама қишрҳои ҷомеаро мебояд, ки ба қадри ин неъмате, ки сарчашмаи тамоми муваффақиятҳо аст расида, дар роҳи усутвории сулҳу субот ва ягонагии ин меҳан талош намоянд. Таҷрибаи на он қадар дури таърихӣ бори дигар собит намуд, ки ҳеҷ қувваи хориҷӣ ба манфиати мо амал намекунад, имрӯз моро дар ягон кишвари хориҷӣ интизор нестанд.

Абдулмуминзода Насимҷон –декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ