Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Иқтибос, аз паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ватандӯстӣ, муҳимтарин маҳаки фаъолияти касбиву ҷамъиятӣ ва омили асосии муттаҳидсозии тамоми нерӯҳои ҷомеа мебошад, ки аз умқи таърих то ба имрӯз кулли устураҳои таърихӣ, арзишҳои динӣ ва умуман ақли солими инсоният ин арзишро васф намуда, гиромӣ медоранд. Мафҳуми Ватанро шоира Шахрия Аҳтамзод, дар шеъри худ маънидод намудаанд:
Бошад садои хуштарин бар гӯши дил сози Ватан,
Субҳонаи худ мекунам ашки саҳарнози Ватан.
Гоҳе ба савдо мебрад ганҷи Ватанро зумрае,
Бо нархи ҷонам мехарам ҳар санги пардози ватан.
Шахрия.
Ватандӯстӣ, принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, хизмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.Нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст.
Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фарҳанги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлатҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад.
Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад. Педагоги машҳур Сухомлинский В.А. мазмуни мафҳуми «Ватан» -ро одилона ба мафҳумҳои «Инсон», «Маънои зиндагӣ», «Меҳнат», «Қарз», «Оила», «Забони модарӣ», «Муҳити табиат», «Садоқат» алоқаманд мекунад.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои соҳибистиқлоли ҷаҳони имрӯз буда, аъзои чандин созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалист, давлатест дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мардумаш меҳнатдӯсту соҳибтамаддун, сарзамини дорои табиати зебо, захираи бузурги оби тоза, кӯҳҳои сарбафалак кашида, захираҳои бойи зеризаминиро соҳиб аст. Ба тамоми мушкиливу камбудиҳо нигоҳ накарда мардумаш барои фардои ободу дурахшон умед доранд ва пайваста талошу заҳмат мекашанд.
Ватандустӣ, дӯст доштани ватан ва ин сарзамини ҳосилхез барои ҳар фарди бонангу номус ва ҳар шахсе, ки камтарин эҳсоси инсонигароӣ дорад, бисёр кори азиз ва гиромӣ мебошад. Чи тавре, ки шахс модари худро дӯст медорад, барои хизмат намудан ба ӯ ҳамеша омода аст, ватан низ мисли модар аст. Мо дар ин ватан ба дунё омадем, обашро менӯшем, ҳавояшро нафас мекашем, дар ҳамин сарзамин таълиму тарбия гирифта истодаем. Магар мешавад шахс дар ин сарзамин ба камол расида, ватанашро дӯст надорад, азиз нашуморад, барои ободу зебо ва пешрафти он хизмат накунад.
Дар “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин Ватан ифода меёбад.
Фаромӯш набояд кард, ки ҳамеша Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таъкид мекунанд, танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».
Мусаллам аст, ки дар ҳама давраҳои таърихӣ, алалхусус дар замони муосир масъалаи тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва садоқат ба касбу савганд яке аз мавзуъҳои муҳим ба ҳисоб рафта, таҷлили ҳамаҷонибаи он омили асосии тақвияти ҳисси ватандустӣ ва шинохти арзишҳои милливу давлатӣ буда, метавонад дар замири шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон дарки моҳияти ҳарчӣ бештари ҳифзи тамомияти арзиро ба вуҷуд оварад.
Агар ба таърихи башарият нигарем, ватандӯстӣ ва ҳимоя аз онро майли табиӣ дар инсонҳо мебинем. Тавре, ки аз омӯзишҳои динӣ ва таҷрибаи давлатдории халқҳои олам маълум мегардад, ватандӯстӣ ва ҳифз намудани он шарафу номус ва иззат барои ҳар як инсон аст. Чун аз таҷрибаи таърихии инсоният аён аст, ҳисси ватандӯстӣ кафолати пойдорӣ, устуворӣ ва ҳастии ҳар як давлату миллат аст.
Халқи тоҷик, ки аз қадимтарин замонҳо соҳибдавлат ва соҳибтамаддун буд ва ҳаст, маҳз бо ҳисси шарафу номус давлати худро бунёд ва пояҳои онро устувор гардонидааст.
Дар ҳадисе пағомбари Ислом «Ватандӯстиро аз нишонаҳои имон» донистааст, ва дар ҷои дигар чунин мегӯяд: «Аз нишонаҳои арзиш ва шахсияти инсон он аст, ки нисбат ба умри аз даст рафта ашк бирезад ва ватанашро дӯст дорад».
Ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст. Ватан чун ҷону тан аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кадоми мо маҳз дар асоси ин мафҳуми хело ҳам пурсобиқа ва пурарзиш орзу ва ҳавасҳои худро ташаккул медиҳем, ояндаи худ ва наздиконамонро мебинем, заминаҳои маънавӣ ва қонунии мавҷудияти худро асоснок мекунем. Дар муқобили терроризм ва ифротгароӣ мо аз ватандӯстӣ дида ягон қувваи дигареро болотар қайд намуда наметавонем. Чунки маҳз тақвияти ҳисси ватандӯстӣ метавонад дар замири шаҳрвандон қобилияти ҳарчи бештари тафаккури оштинопазирро бар зидди бегонапарастиву даҳшатафканӣ ба вуҷуд оварад.
Барои ватандӯст, меҳанпараст ва саодатманд будан мо бояд ватанамонро обод бигардонем ва роҳи сулҳу суботро пеша намоем. Ҳамеша суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ дониста ватани азизи худро ободу зебо бигардонем.
Аз таҷрибаи рӯзгори башарият маълум аст, ки дар ҳар як давраи таърихӣ барои берун кашидани ҷомеа аз мушкилоти сиёсӣ ва умуман буҳрони маънавӣ, шахсиятҳое ба арсаи идоракунӣ падид меоянд, ки бо пайкори хеш дар сарнавишти халқу миллатҳо нақши бузург мегузоранд. Бинобар ин имрӯз миллати соҳибназари тоҷик ва тоҷикистониён гуфта метавонанд, ки дар таҳкими Истиқлолият ва буёди давлатдории миллӣ, нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа бузург мебошад.
Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин, оғӯш кушодааст. Аз ин рӯз моро зарур аст, ки ватани азизи худро дӯст дорем ва ҳар як порча хоки ватанамонро нигаҳдор бошем.
н.и.и., дотсенти кафедраи “Кибернетика ва иқтисоди рақамӣ”
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Алимардонов Тоҳирҷон Ашуралиевич.