ТАВАҶҶУҲ БА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИЮ ИННОВАТСИОНӢ ДАР БАХШҲОИ ИҚТИСОДӢ

274

Имрӯз (07.03.2023) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи вохӯриҳо бо коллективи устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ мулоқот намуда, як қатор масъалаҳои таваҷҷуҳи назарро мавриди баррасӣ қарор дод.

Зимнан ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зикр намуд, ки дар замони муосир бе технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва фаъолияти инноватсионӣ, ки дар ҷаҳони муосир яке аз бахшҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, садорати факултетро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ андешад.

Дар вохӯрӣ, ҳамзамон, масъалаҳои интизоми меҳнат, давомоти донишҷӯён, тақсими дурусти соатҳои фаъолу ғайри фаъол, назорати раванди таҷрибаомӯзӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ, навиштани китобҳои дарсӣ барои гурӯҳҳои забони русӣ, ҷараёни корҳои курсию дипломӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар раванди илму таълим, истифода намудани технологияи иттилоотию иртиботӣ, баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, ташкили корҳои тарбиявӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар зимн ҷиҳати беҳтар гардидани фаъолияти факултет ба масъулин дастурҳои мушаххас дода, дар иҷрои вазифаҳои хеш масъулияти баланд талаб кард.