Дар шароити истиқлоли давлатӣ яке аз механизмҳои меҳварии рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар ин Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат маҳсуб меёбад. Паём дар худ тамоми комёбиҳои мамлакат оид ба дастовардҳо дар тамоми самтҳоро фаро гирифта, ҳамчунин дурнамои рушди давлатро муайян мекунад.
Дар ҷаҳони мутамаддин аксаран Паёми сарвари давлат хоси давлатҳои низомашон демократӣ мебошад. Баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва ба низоми нав – демократӣ рӯ овардан ва дар ин замина ташаккул ёфтани парламенти касбӣ дар кишвар ҳар сол Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Дар Паёми, ки бо иштироки тамоми вакилони палатаи болоии парулмон, муовинон, сарвазир, роҳбар ва кормандони дастгоҳи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарони вилояту ноҳияҳо, сафрирони Тоҷикистон, роҳбарони СММ, Шуъбаҳои иттифоқӣ ва САҲА баргузор шуд, моҳият ва хусусиятҳои хосси сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муқаррар мешавад. Паёми сарвари давлат мустақиман дар тамоми шабакаҳои давлатӣ пахш карда шуда, дастовардоҳои солро инъикос менамояд. Сарвари давлат чун анъана дар паёми хеш натиҷаи соли сипаришударо ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои соли пешоянд муайян кард. Ҳамчунин, Пешвои миллат масоили нави калидӣ барои мақомоти кишварро ба таври мушаххас иброз намуд.
Паёми ҳарсолаи Президенти кишвар барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Воқеан, гарачанде, ки Паём барои таҳқиқи сиёсати давлатии Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат мебошад.
Пеш аз ҳама ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.
Вақте Паёми Сарвари давлатро аз нигоҳи сохтору шакли давлатдорӣ ва функсияи давлат дар назди шаҳрвандон таҳлил менамоем, маълум мегардад, ки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувори иқтисодии давлат дар асоси ин таҳлилҳои муқоисавӣ бармеояд. Ба коҳиш ёфтани даромади буҷа нигоҳ накарда, афзоиши талаботи маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ба тандурустӣ ва ҳамчунин дигар хароҷоти пешбинишуда, буҷети давлатӣ барои соли 2023 бознигарӣ шуда, бо нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйиротҳои дахлдор ворид гардиданд. Аз таҳлилҳои бармеояд, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2023 зиёда аз 8 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 90 миллиард сомонӣ баробар гардидааст. Ҳамчунин, маълум гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ Ҳукумат аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ якчанд чораҳои муҳим андешидааст. Махсусан, дар даврони истиқлол 14500 оила ба ҷойи истиқоматӣ таъмин шуда, 158 гектар замин ба мардум тақсим карда шудааст.
Ҳамчунин, 89 баробар музди маош ва 80 баробар нафақапулӣ зиёд карда шуд.
Бо эълони солҳои 2022-2026 ҳамчун “Соли рушди саноат” бояд дар кишвар зиёда аз 1000 корхонаи истеҳсолӣ бо фарогир аз 500 ҳазор ҷойи кори доимӣ ташкил карда шавад.
Дастовардҳои истеҳсолӣ-иқтисодӣ имкон фароҳам овард, ки дар саросари кишвар зиёда аз 18300 ҳазор иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 32 солагии истиқлоли давлатӣ, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд бунёд ва ба истифода супорида шуд, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор ҷойи кори нав муҳайё гардид.
Вобаста ба сисилаи ташаббусҳои Сарвари давлат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ бошад, исбот гардид, ки ҳар яке аз онҳо амалишавандаанд. Дар Паёми Сарвари давлат бештар таваҷҷӯҳ ба раванди раисдан ба чор ҳадафи стратегии кишвар ва як қатор иқдомҳо дар ин самтҳои барои давлат ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор мегиранд.
Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёти мамлакат ин кишоварзӣ мебошад. Дар ин самт, бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, Президенти кишвар иброз доштанд, ки минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводди ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд. Мазмун ва муҳтавои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар шаҳодати сиёсати мардумсолорӣ ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Таҳлили Паёми имсола инъикосгари он аст, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани ҷойгоҳи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Паёми Сарвари давлат собит месозад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд. Аз паёмҳои Сарвари давлат чунин хулоса намудан мумкин аст, ки ҳар як сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳият, мазмун ва мундариҷаи асосии ҳаёти воқеии халқи тоҷик буда, дар он арзишҳои истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ инъикос ва тараннум гардидаанд.
Давлатзода М. Х. – н.и.и., дотсент,мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДМТ