КОНФРОНСИ I ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РУШДИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ, ТАҲЛИЛ, АУДИТ, АНДОЗБАНДӢ, НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ: ТАҲДИДҲОИ МУОСИР ВА САМТҲОИ РУШД”

321

Имрӯз (19.01.2024) дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронси I илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит, андозбандӣ, назорати давлатии молиявӣ: таҳдидҳои муосир ва самтҳои рушд” баргузор гардид. Дар кори конференсияи байналмилалӣ аз Федератсия Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, намояндагони кумитаҳо ва ниҳодҳои мухталифи соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодӣ, намояндагони Институти ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзида, баромадҳои муфид намуданд.