НАВРӮЗ – МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ НИЁГОН

361

Наврӯз ба унвони мардумитарин ва қадимтарин ҷашн дар давоми солҳо шаҳомати таърихии моро таъмин намуда, барои шинохт ва салобати миллии мо бисёр пояи устувор гузошт. Воқеан, Наврӯз тору пуд ва ҳастии моро ташкил медиҳад. Мо миллати наврӯзем, ки беш аз шаш ҳазор сол мешавад онро ҷашн мегирем. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад».

Бояд қайд намоям, ки Наврӯз покиву покизакорӣ ва осудагиву накӯкориро дар ҳама давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад. Ҳамин аст, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмиро соҳиб гардид, балки бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалиро касб карду ҳамчун омили ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ пазируфта шуд.

Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки имрӯз бо сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат кулли башарият маҳаки асосии Наврӯзро, ки инсонмеҳварӣ, ободкорӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилист, умқан дарк намуда, онро ҷузъе аз фарҳанги хеш пиндоштанд ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Имрӯзҳо, ки дунёро ҷангҳои геопалитикиву манфиатҳои абарқудратҳо фарогир шудааст, аз ҳар ҷониб эҳсоси хатар дида мешавад, ки албатта, Наврӯз бар алайҳи ин ҳама ноҷуриҳою манфуриҳо садо баланд менамояду инсонҳоро ба ҳамбастиву ҳампаймонӣ даъват менамояд.

Нисбат ба дигар халқияту миллатҳо миллати тоҷик беш аз пеш масъулият дорад, ки фарҳангу анъаноти наврӯзиро муаррификунанда буда бошад, зеро ниёгони тоҷикон дар гузаштаи дуру наздик ва то ба имрӯз меросбари фарҳанги олии Наврӯз будаанду ҳастанд. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгароӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳо суннату ойинҳои Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархури ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки мақоми марбутаи Созмони Милали Муттаҳид – ин мақоми баландпояи сиёсии башарӣ ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии онро дар манотиқи гуногуни сайёра тавсия ва иҷозат дод.

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба миллати тоҷик имконият дод, ки дар фазои истиқлолу сулҳу ваҳдати миллӣ ба эҳё намудани фарҳангу суннатҳои миллӣ ноил гардидем. Дар амалӣ намудани чунин ҳадафҳо нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали Истиқлолият бо фидокорӣ тавонист, ки аҳли илму фарҳанг ва тамоми неруҳои солими ҷомеаро атрофи ғояҳои муттаҳидсозанда, пешбаранда ва эҳёи фарҳанги миллӣ гирд оварда, ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла Наврӯзи оламафрӯзро аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ба оламиён муаррифӣ намояд.

Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини камназирамон дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хоса ва шукургузории том таҷлил мегирад.

Ҷашни Наврӯз муборак, ҳамдиёрон!

Абдулмуминзода Н.А.,декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ