БЕ ДОНИСТАНИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ ВАТАНРО ДУРУСТ МАЪРИФАТ КАРДАН НАШОЯД…

282

Суҳбати дуюми устод ҲАФИЗ РАҲМОН аз силсилаи “Ватан – арзиши волои миллӣ” таҳти ҳамин унвон, яъне ҷойгоҳи илму донишу хирад дар шинохти ватан бо устодону донишҷӯёни факултаҳои иқтисод ва идора, баҳисобгирии иқтисодӣ ва рақамӣ рӯзи 1-уми май, аз соати 14 то 15 баргузор шуд.

Дар суҳбате, ки беш аз як соат идома дошт, устоди сухан аз таърихи бархе аносири фарҳанги миллӣ ва арзишҳои меҳанпарастӣ гуфтугӯ карданд.

Бидуни илму дониш ва огоҳии комил аз сарнавишти таърихии ватан ва тафовут гузоштан аз арзишҳои бумӣ ва дигар арзишҳое, ки аз дигар фарҳангу тамаддунҳо интиқол шудаанд, наметавон ватанро дуруст шинохт ва муҳаббат кард, – чунин буд хулосаи устод ҲАФИЗ РАҲМОН дар ин ҷаласа.