САТҲИ БАЛАНДИ МАЪРИФАТИ ҶАВОНОН ОМИЛИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ

24

“Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.”

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла, Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, терроризму экстремизм, равияҳои ифротгароӣ мебошанд. Мутаассифона, имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом огаҳӣ надоранд, ба доми мубаллиғони созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро қатл мекунанд.

Миллати тоҷик дар ҳама давру замон хоҳони сулҳанду сулҳофар ва ифротгароиву даҳшатафканиро сирф инкор менамоянд. Зеро террорист боис ба тира гардидани осмони софи фазои дӯстиву ҳамбастагӣ дошта мегардад. Ҷавонон, ки дар бештари давлатҳо қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, маҳз онҳо дар маркази ҳадафҳои ғализонаи ифтротҷӯёну даҳшатафканон қарор доранд. Ба хотири фирефта нагардидан ба ин гурӯҳҳои манфиатхоҳу дасисабоз, тамоми аҳли ҷомеаро зарур аст, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба хотири соҳиб гардидан ба зиракии сиёсӣ мебояд ба мутолиаи китоб бипайванданд. Чун китоб шахсро таҳлилгар ва ба ӯ дар пастию баландиҳои ҳаёт хизмати бузурге мекунад.

ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ,

ҲАР АЙБЕ ҲАСТ ДАР МУСУЛМОНИИ МОСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо оид ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намудаанд. Терроризм ва экстремизм падидаи хеле бад ва ташвишовари кулли ҷаҳон маҳсуб ёфта, сабаби сар задани ҳодисаҳои хунин, таҳқиру хавф ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини ақлию ҷисмӣ, таҷовуз ба номус, бетартибӣ, вайрон кардани сохти конститутсионии кишварҳои мухталиф, кашида гирифтани ҳокимият, бедор кардани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва экстремизм миёни қишрҳои гуногуни мардум махсусан миёни ҷавонон яке аз масъалаҳои асосии ҷамъият буда, дар натиҷа ба харобиву хорӣ меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро вазифаи меҳварии худ қарор дода, таъмини амнияти миллӣ ва ҷаҳониро бо тамоми кишварҳои олам масъалагузорӣ мекунад. Ҷиҳати ҳалли ин муаммо ҳамкориҳои муштаракро бо дигар кишварҳо тақвият бахшида, дар ин самт мунтазам баромад мекунад.

Тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад. Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд. Имрӯз барои касе пӯшида нест, ки маркази як қатор ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷойгир аст. Инчунин, аксари ҷангҳое, ки миёни кишварҳо ба вуқӯъ меоянд, ба ин ё он тарзе ҷангҳои мазҳабӣ мебошанд. Дар онҳо дасти душманони дини мубини ислом ва уммати мусулмон ҳаст.

“Ҳамватанони мо хуб дар ёд доранд, ки ташкилоти террористиву экстремистии фаъолияташ дар кишвар манъшудаи «ҳизби наҳзат», яъне сабабгори асосии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз ҷониби бозигарони геополитикӣ чӣ гуна барои амалӣ намудани ҳадафи бунёди давлати исломӣ ва ба сари мардуми мо бор кардани фарҳанги бегона ба майдон оварда шуд.”

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.

Дар идомаи ин раванд, қонунҳо «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Ҳарчанд ки дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд.

Дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст. Имрӯз дар шароити нави таърихӣ низ ҷуғрофиёи терроризм ва экстремизм боз ҳам васеъ гардида, бештаре аз давлатҳои ҷаҳонро фаро мегирад. Ин муаммо ва мушкилоте ба шумор меравад, ки ҳаллу фасл, пешгирӣ ва аз миён бурдани он рисолати тамоми кишварҳои дунё ва роҳбарону сарварони онҳо ба шумор меравад. Терроризм на танҳо аз ҷангҳои классикии байни ду кишвар фарқ мекунад, балки як масъалаи фаромиллӣ ва фаромарзӣ низ мебошад. Дар гузашта баъзеҳо гумон мекарданд, ки терроризм сарчашмаи иқтисодӣ ва равонӣ дорад. Ин маънои онро дорад, ки мардуми фақир ва ё инзиво ба гурӯҳи террористӣ мепайванданд, аммо таҳқиқи дақиқтар нишон медиҳад, ки ин фарзия беэътибор аст.

Ҷиҳати ҷилавгирӣ аз созмонҳои террористии ифротӣ ва дар ниҳояти кор аз байн бурдани онҳо, ки тақозои рӯзмарра аст, бояд ҳама бо тамоми донишу имконоташ зидди он мубориза барад. Имрӯз дар бораи чолишҳои ваҳшатноки терроризму ифротгароӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он рӯбарӯ аст ва ҳамчунин, мубориза бо ин зуҳурот ва пешгирии паҳншавии он ва то ҳадди имкон решакан кардани он зиёд гуфта мешавад. Новобаста аз он, ки кишварҳои мухталиф нисбат ба ин ду зуҳурот чӣ гуна мавқеъ доранд ва ё моҳияти сиёсати расмии кишварҳои мухталиф нисбат ба онҳо чӣ гуна аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ як эътиқоди муштарак дорад, ки ин мушкилот бояд зудтар ва ба таври муассир ҳал карда шаванд.

Дар ин замина пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА» пешиниҳоди ниҳоят пазируфтанӣ ва саривақтӣ буда, итминон дорем, ки барои гирифтани пеши роҳи терроризму экстремизм мусоидат хоҳад кард.

АДАБИЁТҲО: www.president.tjwww.tnu.tj

АБДУРАҲМОНЗОДА ЛОИҚ – донишҷӯи курси 2-и ихтисоси баҳисобгирии буғалтерӣ, таҳлил ва аудити факутети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон