ВАРЗИШ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ

40

Субҳи имрӯз (08.11.2025) дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллӣ машқи пагоҳирӯзӣ бо ширкати фаъолонаи ҳайати устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳ баргузор гардид.

Ин иқдом бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби устодону донишҷӯён ба фаъолиятҳои варзишӣ роҳандозӣ шуда, ҳамчун як василаи муассир барои оғози нерубахши рӯз дар назар дошта мешавад. Дар ҷараёни машқ, иштирокчиён бо роҳнамоии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба иҷрои тамринҳои гуногун машғул шуданд, ки дар бедор намудани неруи ҷисмонӣ ва боло бурдани руҳия нақши муҳим доранд.

Ёдовар мешавем, ки машқҳои пагоҳирӯзӣ дар Донишгоҳ тадриҷан ба як анъанаи хуб ва ҷузъи муҳимми рӯзгори устодну донишҷӯён табдил ёфтааст. Ин гуна чорабиниҳо на танҳо ба солимии иштирокчиён мусоидат мекунанд, балки фазои ҳамдилии байни омӯзгорону донишҷӯёнро низ тақвият мебахшанд.

Бар асоси барномаи шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгшоҳ баргузории чунин машқҳо ҳар ҳафта идома меёбад.