ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

8

Имрӯз дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш Шарифзода Ҷамолиддин – директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар назди ДМТ ва Шоймардонов Сафаралӣ – сардори раёсати илми Донишгоҳ иштирок намуда, бо суханрониҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии декани факултет, дотсент Абдулмуминзода Н.А., оғоз ёфт. Мавсуф дар баромади худ ба ҷойгоҳи хоссаи Рӯзи Парчами давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, густариши ҳисси ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатии кишвар таъкид намуда, зикр кард, ки Парчам ҳамчун рамзи муттаҳидсозандаи миллат имрӯз ба ҷаҳониён симои давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро муаррифӣ менамояд.

Сипас, устодон доир ба таърихи пайдоиш ва таҳаввули Парчами давлатӣ, мазмуну муҳтавои рамзҳои он, нақши Парчам дар пойдории давлатдории миллӣ суханронӣ карданд.