(Бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
16-уми декабри соли ҷорӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар Паёми ирогардидаи Пешвои миллат масъалҳои ҳаётан муҳими иҷтимою – иқтисодии мамлакат баррасӣ карда шуд. Хусусан таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ яке аз масъалаҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки дар Паём матраҳ карда шуд. Такмили омори соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди кишвар дар мадди назари давлату Ҳукумати кишвар қарор дошта, зимни ироаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Аз ҷумла, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аз расидан ба чунин дастовардҳо зикр гардид: “Баланд шудани дарозумрии аҳолии Тоҷикистон дар даҳ соли охир аз синусоли 70 ба 77, барои хуб шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ афзоши ҳаҷми маоши кормандони соҳаи буҷавӣ ва нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнативу иҷтимоӣ ва иловапулӣ, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025, дар кишвар 1 миллиону 300 ҳазор хонаи истиқоматии нав сохта шуда, беш аз 8 миллиону 400 ҳазор нафар сокинон бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд, аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз дар соли 2025, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоиз ба ҳисоб меравад.
Муҳтарам Пешвои миллат дастур доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 андозаи маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25% ва маоши дигар кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм фарҳанг, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, стипендия ё идрорпулиҳо ва музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҳарбиён ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20%, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнативу иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба онҳо 15 фоиз зиёд карда шавад.
Чунин нишондиҳандаҳои оморӣ аз рушди соҳаҳои иқтисодию – иҷтимоии кишвар дарак дода, бори дигар собит месозанд, ки Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегии худ таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравиҳои назаррас дорад.
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид. Дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳилаи иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр корҳои муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи неку дурахшони Ватани азизамон бо иродаи қавии мардуми меҳнаткашу сарбаланди он боварии комил дошта, барои ҳарчи ободу пешрафт гардидани соҳаҳои мухталифи мамлакат, хусусан дар арсаи байналмилалӣ шинохтани як давлати пешрафтаи ҷаҳон талошу кушишҳои зиёде карда истодаанд.
Одиназода Меҳрубон Абдураҳмон –дотсенти кафедраи омори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Моҳираи Шарофидин – магистранти соли аввали ихтисоси 25010810-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.






