Роҳбарият

Декани факултет номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдулмуминзода Насимҷон Абдулмумин

Абдулмуминзода Насимҷон Абдулмумин 30-юми ноябри соли 1977 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1994-1999 донишҷӯи факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буда, онро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст:

мудири кабинети кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии ДДМТ (1999 -2000);

ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодӣ (2000-2002);

муовини декан оид ба тарбияи факултети баҳисобгирию иқтисодии ДДМТ (2002-2005);

муовини декан оид ба таълими факултети баҳисобгирию иқтисодии ДДМТ (2005-2009);

муаллими калони кафедраи баҳисобгирию бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2009-2013);

сардори шуъбаи илми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон (ДСХТ) (2013-2014);

иҷрокунандаи вазифаи декани факултетҳои баҳисобгирӣ-иқтисодӣ ва хизмати молиявии ДСХТ (2014 – 2016);

муовини ректори ДСХТ оид ба таълим (2016-2018);

декани факултети хизмати молиявӣ ва гумруки ДСХТ (2019);

дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2019- 03.02.2020);

мудири бахши идоракунии сифати таҳсилоти Раёсати таълими ДМТ (аз 03.02.2020);

Аз 2020 то соли 2022  муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълимро ба уҳда доштанд,

Аз соли 2022 то инҷони декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ мебошанд.

Абдулмуминзода Насимҷон Абдулмумин номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент ва дорандаи чандин ифтихорномаву сипосномаи сохторҳои гуногуни илмию таълимии ҷумҳурӣ мебошад.