ЭЪЛОН: СЕССИЯИ САНҶИШИЮ ИМТИҲОНИИ ЗИМИСТОНА

624

Барои донишҷӯён. Дар асоси фармоиши ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. давраи имтиҳонии сессияи санҷишию имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 барои донишҷӯёни курсҳои 1-4-и зинаи таҳсилоти бакалавр ва курсҳои 1-6-и зинаи таҳсилоти мутахассис (ба истиснои ихтисосҳои дар банди зерин зикргардида)-и ихтисосҳои амалкунандаи факултетҳои донишгоҳ аз 21-уми декабри соли 2020 то 17-уми январи соли 2021 (ҳафтаҳои 17, 18, 19 ва 20-уми соли таҳсили 2020-2021) муқаррар карда шудааст.

Дар ихтисосҳои амалкунандаи факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус (ДМТ ва МТОҶБ) бо назардошти талаботи нақшаи таълимӣ сессияи имтиҳонӣ (ҳафтаҳои 18, 19 ва 20-уми соли таҳсили 2020-2021) аз 28.12.2020 то 17.01.2021 муқаррар гардидааст.

Барои магистрон. Давраи имтиҳонии сессияи санҷишию имтиҳонии зимистона барои магистрантҳои курси якум ва дуюми донишгоҳ тибқи талаботи нақшаҳои таълимӣ (ҳафтаҳои 17, 18-уми соли таҳсили 2020-2021) аз 21.12.2020 то 03.01.2021 муқаррар карда шудааст. Барои магистрони курси якум ва дуюми донишгоҳ аз 04.01.2021 то 17.01.2021 (ҳафтаҳои 19 ва 20-ум) ҳамчун ҳафтаи баргузории корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистр бо иштироки роҳбарони илмӣ дар назди кафедраҳои тахассусӣ муқаррар карда шудааст.

Оғози нимсолаи баҳории соли таҳсили 2020-2021 барои донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи зинаи таҳсилоти бакалавр ва мутахассиси факултетҳои донишгоҳ (ба истиснои бандҳои зерин) рӯзи 01-юми феврали соли 2021 (ҳафтаи 23-юм) муқаррар карда шудааст.  

Барои донишҷӯёни курси 3-юми ихтисосҳои (1-31030102-математика, 1-31040103-физика, 1-02050405-астрономия, 1-31050102-химия, 1-31010102-биология, 310101-03-биология (биотехнология), 1-21050100-филологияи тоҷик, 1-02030702-забони хориҷӣ (Хитоӣ. Информатика), 1-21050200-забон ва адабиёти рус, 1-21030101-таърих, 1-21030102-таърих (бостоншиносӣ), 1-23011301-таъриху архившиносӣ1-21020100-фалсафа, ва 1-23010400-психология аз 01.02.2021 то 14.02.2021 (ҳафтаҳои 23 ва 24-ум) таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва оғози дарсҳо барои донишҷӯёни ихтисосҳои мазкур аз 15.02.2021 (ҳафтаи 25-ум) муқаррар карда шудааст.

Барои магистрантҳои курси якум ва дуюми ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ аз 01.02.2021 то 28.02.2021 (ҳафтаҳои 23 то 26-ум) таҷрибаомӯзии илмӣ-омӯзгорӣ, барои магистрантҳои курси 2-юм аз 01.03.2021 то 28.03.2021 (ҳафтаҳои 27 то 30-юм) таҷрибаомӯзии илмӣ-таҳқиқотӣ ва оғози машғулиятҳои дарсӣ барои магистрантҳои курси якуми ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ аз 01.03.2021 муқаррар карда шудааст.