ҶАВОНОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

412

Андешаҳои ҷавонон дар робита ба Истиқлолияти давлатӣ

Насима Қосимӣ – корманди Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ:

-Ҳамасола 9-уми сентябрро ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Зеро Истиқлолият ин армони ҳазорсолаи миллӣ ва дастоварди бебаҳои таърих аст. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки масири сарнавишти худро муайян созем. Маҳз заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо имрӯз хушбахттарин ворисони замонем.

 Диловар Ҷафаров – корманди Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон:

-Истиқлолият ба ҷавонон имкониятҳои васеъ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ташаккули шахсияти комил ва озодии афкорро дод. Истиқлолият шароит фароҳам сохт, то ҷавонон эҳёгари фарҳанги миллии хеш бошанд. Имрӯз хушбахтона ҷавонони тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ аз як гиребон сар бароварда, сарбаландона меҳнат мекунанд, дониш меомӯзанд ва бинои ояндаи дурахшони худро бунёд месозанд.

Хуршед Мавлонов – сармутахассиси шуъбаи таҳрир ва табъу нашри Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Истиқлолияти давлатӣ барои тамоми мардум арзиши нодир ва неъмати баҳост. Вале ин арзиши нодир ва неъмати бебаҳо барои ҷавонон аҳамияти махсус дорад. Аз он зовия, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҷавонон тамоми чизро дод: орзу, умед, илм, дониш, оромӣ, субот, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои дигар, ки барои худсозии як фарди муосир лозим аст. Пас, Истиқлолият барои ҷавонон имкон дод, ки неруи бузурги худро дар роҳи сарфарозӣ ва музаффариятҳо сарф намоянд.

Беҳрӯз Холмуродов – котиби масъули рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”:

-Истиқлолият арзишмандтарин неъматест, ки ба мо соҳибихтиёрӣ, озодӣ, хушбахтӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳаёти осоиштаву хушрӯзиҳоро насиб гардонид. Дар дунё беҳтарин давлат ҳамонест, ки истиқлоли комил дораду мардумаш дар фазои амн умр ба сар мебарад. Мо насли миллати некбахтем, ки ин неъматро соҳибему 30 сол мешавад, дар зери чатри он ҳаёти хуберо мегузаронем ва бо тамоми дастовардҳояш ҳамнабзем.

Шодмон Нурматов – докторанти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров:

-Истиқлолият ба мо ҷавонон озодӣ дод. Барои мо кофӣ аст, ки озодона ҳар ҷое мехоҳем меравему дар ин ва ё он сохтор фаъолият кунем. Имрӯз мо баробари дигар қишри ҷомеа бо дасту дили гарм пайи кору пайкорем ва дар зери ливои Истиқлолияту Ваҳдат бо боварии комил ба сӯйи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузорем.

 Сафарзода Некрӯз – ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ:

– Истиқлолият яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар масири таърих ба ҳисоб меравад. Дар 30-соли соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии худро муайян намуда, барои ноил гардидан ба онҳо қадамҳои устувор ниҳода истодааст. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар мебошанд, ки барои бунёди давлати миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан сатҳи зиндагии ҷавонон, мусоидат менамоянд.

Раҳими Карим – рӯзноманигори Телевизиони «Душанбе»:

 -Мо насли хушбахти замоне ҳастем, ки таваллуди мо дар давраи бедории фикриву истиқлолхоҳии ҷомеа рост омадааст. Бадин тартиб мо дар ҳамин руҳия камол ëфтем. Аз ин лиҳоз, истиқлол барои мо аз неъматҳои бузург ва пурарзиш маҳсуб меëбад. Тавре мушоҳида мешавад ин давра марҳалаи тоза ва муҳимми давлатдории мо аст. Бо касби истиқлол марҳала ба марҳала рушди ҳамаи бахшҳо таъмин гардида, низоми мукаммалу устувори давлатдорӣ ба миëн омад. Кишвари тозаистиқлоли мо дар ин 30 сол аз лиҳози дастоварду пешравӣ роҳеро тай намуд, ки баробар ба 100 сол аст. Аз ин нигоҳ бояд ҳар шаҳрванди кишвар барои пойдории арзишҳои истиқлол талош намояд ва барои рушду бақои он саҳим бошад.

Шодӣ Муродов – корманди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон:

-Истиқлолият дастоварди бузург барои миллати тоҷик аст. Шукрона аз он мекунам, ки ҳамчун ҷавони насли истиқлоли кишвар дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дорам ва пайи илму эҷод машғул мебошам.

Гулшанбону Носирзода – донишҷӯ:

-Ман аз зумраи хушбахтарин ҷавонони замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон мебошам. Нишоти мо аз он аст, ки дар чунин кишвари ободу зебо, соҳибистиқлол ва саропо зебову гулгулшукуфон умр ба сар бурда истодаем. Кишвари соҳибистиқлол барои мо тамоми шароитро муҳайё гардонидааст. Ҳамчун фарди зодаи замони соҳибистиқлолии кишвар ва пайрави асилу содиқи Пешвои муаззами миллат ҳамаҷониба талош дорам, ки илму дониш омӯхта, баҳри ободию осудагии диёр саҳм гузорам.

Додхудо Шарипов-донишҷӯ:

-Баъд аз ҳазор сол тоҷикон аз нав соҳиби давлат шуданд. Охирин маротиба шаҳди давлатдориро дар аҳди Сомониён чашида буданд. Бори дигар соли 1991 имкони фароҳам омад, ки тоҷикон соҳиби давлати миллӣ гарданд. Ҳарчанд пас аз ба даст овардани Истиқлолият ҷанги шаҳвандӣ сар зад, лекин дар муддати кӯтоҳ ба ҳамаи ободӣ ва комёбиҳо расидем. Ба қадри ин ободӣ ва неъмати бебаҳо расидан вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост.

Омина Рустамова – донишҷӯ:

-Тӯли 30 сол мешавад, ки мардуми сарбаланди тоҷик соҳиби Истиқлол аст. Маҳз истиқлоли кишвар ба мо ҷавонон нерӯ мебахшад. Нерӯи созанда ва бунёдкорона. Муҳаммаднасим Розиқов – донишҷӯ: -Барои пойдор нигоҳ доштани пояҳои Истиқлолияти комил, мо ҷавононро мебояд боз ҳам ҳушёртару бедортар ва дорои зиракии баланди сиёсӣ бошем. Зеро мо ҷавонон ба монанди пораабри кӯчаке дар осмони калон ҳастем, ки бо андак вазиши шамол метавонем ба ҳар тараф равона гардем. Дар фикри мо зиракии сиёсӣ, дониши саҳеҳ, кордонии васеъ ва ҳувияти миллӣ бояд ҳамеша ҷойгоҳи хосса дошта бошад.

Акбарова Манижа – донишҷӯ:

– Шукр аз он дорем, ки зодаи даврони истиқлол ҳастем ва дар партави сулҳу субот оромона зиндагӣ дорем. Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллат мебошем.

 Сайидамир Боқиев – донишҷӯ:

-Истиқлолият ба мо имкониятҳои хуберо фароҳам овард, ки роҳи имрӯзаву ояндаи кишвари азизамонро ба сӯйи қуллаҳои умеду орзуҳо раҳнамоӣ кунем. Пас Истиқлолият ҳамчун бузургтарин неъмат давлатдории мустақил, азму талошҳои расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба мо омӯзонда, ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати вақеии миллатро таъмин намуд.

Сафарзода Фаридун – донишҷӯ:

– Мо ҷавонони замони Истиқлол шукрона аз он мекунем, ки имрӯз барои мо тамоми шароит муҳайё гардидааст ва дар роҳи омӯзиш ва аз бар кардани техникаю технологияи муосир ягон мушкилӣ дида намешавад.

Ҷамолиддинзода Сорбон – донишҷӯ:

-Дар 30 соли соҳибистиқлоли кишвари азизамон ба дастовардҳои зиёде ноил гардидем. Истиқлолият ба мо роҳи пешбурди зиндагӣ ва давлатдории мустақилро фароҳам овард. Дар замони истиқлол тамоми шаҳру деҳоти ватан рушд намуд ва ҷавонон пайи илмомӯзию аз бар намудани касбҳои гуногун машғул шуданд.

Ҷаҳонгиршоҳ Алиев-донишҷӯ:

-Истиқлолият бароямон бузургтарин дастовард мебошад. Ҳамчун насли даврони истиқлол шукрона аз ин неъмати Худо мекунам. Хушбахт аз онам, ки ҳар дастоварде дорам, дар самони Истиқлол соҳиб шудам.

Муродбек Боқиев-донишҷӯ:

-Истиқлолияти давлатии мо барои вусъат бахшидани дарки худшиносии ҳар як фарди ҷомеа ва миллат такони бузург дод. Пайваста бо густариши касби сифатҳои нави Истиқлол дар ҷомеаи мо тамоюли устуворе дар ташаккулу рушди истиқлолияти фардӣ ба чашм мерасад. Метавон инро дар қабули қонунҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ чун давлати мустақил эълон гардидани кишвари азизамон, эълон гардидани озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ дид, ки такони ҷидддие на танҳо дар ҷомеаи мо, балки берун аз он низ гардидааст.

Момаҷон Ғуломова-донишҷӯ:

 -Истиқлолият шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Истиқлолиет тайи 30 сол роҳи бузургеро тай намуд. Бунёди роҳҳо, иншоотҳо, мактабҳо, китобхонаҳо, боғу гулгаштҳои зебову нотакрор аз ҷумлаи дастовардҳои нодири ин замон мебошанд.

Мадина Ҳасанзода-донишҷӯ:

-Истиқлолият ба миллати тоҷик имкон дод, ки бо муттаҳидиву якдилӣ ва сарҷамъона бо Пешвои дурандешу сулҳпарвараш озодии комилро ба даст орад ва мушкилиҳову сахтиҳои солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, сулҳу ваҳдатро дар кишвар пойдор намояд.

Муниса Мансурзода-донишҷӯ:

-Истиқлолият рукни бунёди озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ аст. Аз ин рӯ, моро мебояд тавре кору зиндагӣ кунем, ки Истиқлоляти давлатӣ аз пештара бештар устувор гардад.

Шукрона Ғуломзода-донишҷӯ:

-Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ роҳи ояндаи моро нур бахшид. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамҷун миллати соҳибтамаддун мешиносанду эътироф мекунанд.

Рухангез Пирмаҳмадова-донишҷӯ:

-30 сол аз нигоҳи таърих давраи хеле кӯтоҳ мебошад. Вале ба таҳқиқ назар афканем, 30 сол барои кишвари мо пур аз ҳодисаву рӯйдодҳои муҳим буд. Расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ва садҳову ҳазорҳо дастовардҳои дигар маҳсул ва меваи шаҳдбори даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд.

Райҳона Давлатшоева-донишҷӯ:

-Самараи Истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст.

Гулзода Шералӣ – донишҷӯ:

-Мо ба даст овардани Истиқлолият, сулҳу субот ва озодии ин миллатро аз китобҳои таърих, аз калонсолон ва бархе барномаҳои телевизионӣ дидаву хондаву шунидаем, аммо, хушбахтона, шоҳиди воқеии дастовардҳои солҳои охири Истиқлолият ҳастем. Таманно дорем, ки бигзор халқи тоҷик боз чандин ҷашни Истиқлолиятро таҷлил созад, ҳамеша ин ҳавои сулҳомез дар сарзаминамон ва кабутари озодӣ дар фазои ин Ватани азизамон болфишон бошад!

Афсона Азизӣ-донишҷӯ:

-Яке аз дастовардҳои даврони Истиқлол ин ташкил гардидани квотаҳои Президентӣ мебошад. Акнун нафароне, ки хоҳиши таҳсил дар донишгоҳро доранд, бе мамоният метавонан таҳсил кунанд. Хушбахтона, айни хол қариб аз тамоми минтақаҳои кишвар духтарон ба таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо фаро гирифта шудаанд.

Ҷасури Қиёмиддин-донишҷӯ:

-Банда ҳамчун як ҷавони даврони истиқлол ифтихор аз он дорам, ки насли Сомонаму забонам тоҷикист. Фахр аз он мекунам, ки зодаи истиқлоламу зери бому сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарам. Фахри он дорам, ки тоҷикзодаам.

Комрони Абдувалӣ– донишҷӯ:

-Ман ҳамчун як ҷавони зодаи Истиқлол сарфароз аз онам, ки дар чунин Ватани ободу зебо ва осоишта умр ба сар мебарам. Имрӯз пеши худ азм гузоштам, ки баъд аз таҳсил баҳри ободу зебо намудани як гӯшаи Ватани биҳишосоям – Тоҷикистон талош менамоям.

Исматулло Абдуллоев – донишҷӯ:

-Дар 30 соли Истиқлолият симои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе хеле иваз шуд. Сохта ба истифода додани биноҳои зебову баландошёна ба зебогии шаҳр ҳусни дагар бахшид. Ҳама ин пешравиҳо нишонаи олии соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон мебошад.

Умедҷони Амонӣ – донишҷӯ:

– Истиқлол барои мо ҷавонон фазои озоди тадрису таҳқиқро муҳайё намуд, ки он бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад. Имрӯз ба ҳаёти варзишиву фарҳангии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дода мешавад, ки ин аз ҳамқадами истиқлол будани онҳо шаҳодат медиҳад.

Мусоҳиб Шаҳзода Ашуралиева, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ