СОЛИ НАВИ ХОНИШ МУБОРАК!

445

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Оғози Соли нави хонишро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Соли нави таҳсил бо таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз мешавад. Дониш, илму маърифат пайванди ногусастание ба пиндор ва рӯзгори миллати мо доранд. Ҳамин пайванд аст, ки донишу донишманд ба таври ҳамеша дар фарҳанги мо ситоиш шудаву мешаванд. Ва сухани нахустин дар оғози таҳсил аз Сулҳ аст. Сулҳе, ки мардуми мо онро қадр мекунанд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунанд. Ин дарс дарси оддӣ нест, балки аз таърих сабақ гирифтан ва сабақ додан аст, як навъ эҳтирому арҷгузорӣ ба хизмати онҳоест, ки таҳти сарварии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи мо, кишвари моро ба сулҳу ваҳдат расондаанд.

Соли нави таҳсил барои мо соли махсус аст. Зеро баъд аз чанд рӯзи дигар мо 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунем. Истиқлолият барои мо бузургтарин ҷашн мебошад, зеро дар масири Истиқлол дастовардҳои назаррас насиби мо гашт. Мо мебинем, ки дар солҳои Истиқлолият таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф бештар гашта, дар сиёсати давлатдории хеш маорифро аз бахшҳои муҳимтарин хондаанд.

Ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи Сарвари давлат пешраву пешсафанд. Нақши Донишгоҳи миллӣ дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Бахусус, нақш ва саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бештар гашт. Ёдоварии як факт кофист, ки дар бораи пайванди Истиқлол ва Донишгоҳи миллӣ ба ин хулоса бирасем; Маҳз дар замони Истиқлол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беш аз 50 ихтисоси нав кушода шудааст, ки ҳамагӣ ин ихтисосҳо барои ҷомеаи наву соҳибистиқлоли мо заруранд.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони азиз!

Дар оғози соли нави таҳсил барои ҳамаи Шумо саломатӣ, рӯзгори осоишта ва талошҳои созанда барои пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро таманно дорам.

Соли нави хониш муборак!