ТАБИАТИ ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ САЙЁҲОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

483

Имрӯз (23.09.2021) бо ташаббуси кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар арсаи сайёҳии байналмилалӣ» мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт. Мавсуф афзуд, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мавқеи байналмилалии худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст ва он тибқи баҳогузориҳои созмонҳои байналмилалӣ ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои ҷолиб, роҳҳои зеботарини дунё, мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона, даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ, панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ва дигар эътирофҳои ҷаҳонӣ сазовор гардидааст.

Сипас доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳ. Умаров оид ба «Роҳҳои амалӣ баҳо додан ба нерӯи туристию рекреатсионии минтақаҳо» суханронӣ намуда, қайд кард, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ, аз ҷумла заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифи фарҳангу таърихи ғанӣ, иқлими созгор, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Президенти мамлакат қарор дорад.

Баъдан номзади илмҳои географӣ, дотсент Р.Диловаров дар мавзӯи “Баҳои иқтисодӣ географӣ ба шароит ва сарватҳои табиӣ», дотсент Ҷ. Ёров доир ба «Муаммоҳои ташкили шиносномаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: аз суханпардозӣ то амал», дотсент Н.Сайфуллоев оид ба «Аҳмият ва моҳияти эносайёҳӣ (гастротуризм) дар замони муосир» маърӯза намуданд.

Дар анҷоми нишаст вобаста ба мавзӯъҳои ироашуда саволу ҷавоб сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни нишаст устодону муҳаққиқони факултетҳои иқтисодии донишгоҳ (баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора) иштирок доштанд.