ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ПАДИДАИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ

66

Истиқлол нишони ҳувият ва озодии миллат аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 33 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддати кӯтоҳ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз давлатҳои ташаббускор эътироф гардид. Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлол аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон ва ба даст овардани сулҳу субот мебошад. Дар оғози истиқлол муттаасифона аз сабаби дахолати қувваҳои беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба амал омада, вазъи сиёсӣ мураккаб шуд. Бахти миллати тоҷик омад карду дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки қадамҳои устувор дар масири истиқлоли комили миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузошта шуд.

Ҳукумати навтаъсиси кишвар таҳти роҳабрӣ ва сиёсати дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ пайваста тадбирҳои муассирро дар роҳи таъмини сулҳу субот амалӣ намуд.

Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлол ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлол ба миён омад интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат маҳсуб меёфт.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи бӯҳронии кишвар бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид. Пас аз имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёфт. Таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан ҳамчун модели муассири ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ ба давлатҳое, ки ба бӯҳрони сиёсӣ, ҷангҳои байниҳамдигарӣ дучор гардидаанд, тавсия гардид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари давлат роҳ ба сӯйи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин самт азму талоши беназиру мондагор ба сомон расониданд.

Таҳти роҳбарии Пешвои миллат ислоҳотҳои сиёсӣ амалӣ гардид. Яке аз рӯйдодҳои муҳим барои давлатдории миллии мо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он роҳи ояндаи давлати моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.

Бояд гуфт, ки истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат зарурати қабули Конститутсияи навро ба миён овард. Ин санади таърихӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Дар заминаи Конститутсия қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои зерқонунӣ қабул гардида, пояҳои ҳуқуқии давлати миллиро мустаҳкам намуданд. Дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсия раванди музокиротҳо байни ҳукумати қонунӣ ва мухолифинро тезонида, алангаи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон паст намуд.

Маҳз Конститутсия роҳи интихоби халқи Тоҷикистонро дар ҷодаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян ва мушаххас намуд, онро ба чорчӯбаи қонун даровард ва Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Низоми ҳуқуқи миллӣ дар Тоҷикистон бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ бо ташаббуси Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал аз ҷониби тамоми мардум, давлатҳои мухталиф пазируфта шуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст даровардани Истиқлоли давлатӣ дар самти сиёсати хориҷӣ роҳи сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта, аъзои ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз қабили СММ, САҲА, СҲИ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонда байналмилалии асъор, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар субъектҳои фаъоли байналхалқӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Мақоми давлат дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле истеҳком ёфт.

Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли созмонҳои ҳамгироии минтақавиву байналхалқӣ чун ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ пайваста барои ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодаву сиёсӣ, аз қабили хатарҳои фаромиллии ҷаҳони имрӯза саҳмгузорӣ менамояд. Сарвари давлат доир ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ҳамсояҳои наздик – ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои узви ИДМ сухан ронда, таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ бо ин давлатҳо дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хоса доранд ва ин робитаҳо дар тамоми самтҳо рӯ ба рушд буда, минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ ҳамчун падидаи нодири таърихӣ кафили амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ шуда, раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва бунёди давлати мутамаддинро барои тоҷикон тезонид.

Абдулмуминзода Н.А.,

декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ,

Маҷидов А.А.,

муовини декан оад ба корҳои тарбиявӣ