ВАФОПЕША

243

Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам.

Эмомалӣ Раҳмон

Инак, аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд 30 сол пур мешавад. Ин иҷлосияи тақдирсоз имкон фароҳам овард, ки сулҳу субот дар қаламрави Тоҷикистони офтобрӯя аз нав барқарор гашта, аҳли ҷомеаи ҷаҳон бархурдор гаштанд, ки миллати тоҷик анъанаҳои таърихии мустаъқилияти худро дошта, баробар бо дигар халқу миллатҳои ба тозагӣ ба истиқлол расида, рушду камол меёбад.Аммо таърихи навини кишвар шаҳодат медиҳад, ки Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Оғози солҳои 90-уми асри гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро паси сар карданд. Дар ин нобасомониҳо, одамони зиёде ҷон бохтанд. Як қисми шаҳру ноҳияҳо, деҳот, корхонаву муассисаҳо ба харобазор табдил ёфтанд. Он замон сохтори фалаҷшудаи ҳокимияти кишвар аз уҳдаи идоракунии давлат баромада натавонист.

Аз назари имрӯз наҳ задан ба гузашта, аз буда зиёд баҳогузорӣ кардан ба воқеият, надоштани таҷрибаи кофӣ дар демократикунонии ҷомеа, ба арсаи сиёсат гом ниҳодани як дастаи мансабхоҳони навзуҳур боиси нооромии ҷомеа ва парокандагии миллат боис гардид. Барои расидан ба мансабу вазифаҳо часпу талоши нодидаҳо идома ёфта, оташи низоъ аланга зад. Ташкилоту созмонҳои навбунёд ба сиёсат часпида, ҷомеаро ба коми навмедӣ тела доданд. Майдоншиниҳо, гаравгонгириҳо ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфт. Аксарият дар андешаи наҷоти миллат шуданд. Халқ аз мақомоти давлатӣ, роҳбарони мамлакат баҳри муътадил сохтани вазъият андешидани тадбирҳои оҷилро талаб мекард. Беҳокимияти боиси талаву тороҷи сарвати ҷамъиятӣ гардида буд.

Фишору зуроварӣ ба вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаро ба ташвиш оварда буд. Дар пойтахт имкони баргузории Иҷлосия намонд. Қарор шуд, ки сессияи навбатиро дар шаҳри Хуҷанд доир намоянд. Вакилон аз ҳар гушаву канори кишвар бо ҳар роҳу восита ба Хуҷанд расиданд. Муҷдаи нек домон густурд. 15 ноябри соли 1992 соати 16 дар шаҳри Хуҷанд 160 нафар депутатҳои халқи ҷумҳурӣ барои ширкат дар Сессияи XVI Шурои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштанд. Ин нишонаи он буд, ки иҷлосия ба кори худ оғоз мекунад.

16 ноябри соли 1992 иҷлосия ба кори хеш оғоз намуд. Баъди мулоҳизарониҳо вакил 19 ноябр Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат интихоб шуд. Ва аз ҳамон лаҳза вазъият тағйир ёфт, якдиливу якдигарфаҳмӣ ба амал омад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ва итминони комил аз ҳамон рӯзи аввал ба вакилон – тамоми мардуми Тоҷикистон чунин муроҷиат кард: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони баруманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам.

Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Ин нахустин қавли Сарвари ҷавони тозаинтихоби Тоҷикистон буд. Ӯ замоне сари қудрат омад, ки алангаи оташи ҷанги хонумонсӯз, парокандагии халқу нобудшавии давлат ба миён афтода буд. Эмомали Раҳмон бо ҷасорати мардона ва амали хиратмандона қавл дода, ба он сарбаландона вафо кард. Оғоз аз ҳамон рӯзҳо ӯро вафопеша донистанд.

Бо мурур, бо ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ, ваҳдати миллӣ тамоми сокинони кишварро сарфи назар аз халқияту миллат, диди сиёсӣ ва мансубияти миллӣ муттаҳид кард.

Дар солномаи таърихи кишвар 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт шуд. Дар ҳамин рӯз дар шаҳри Москва – пойтахти Федератсияи Россия ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик ба имзо расид. Бо ҳамин дар сарзамини тоҷикон сулҳ барқарору пойдор гардид.

Зиёда аз 1 миллион гурезаҳо ва фирориён ба Ватан баргашта, ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ даст заданд. Дар муддати кутоҳ хонаву дари харобгаштаро обод намуданд.

Аммо сулҳу оромӣ ва бурдбориҳо аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои муҳим ва ҳалкунанда суханҳоеро мегӯянд, ки ба шунавандагон таъсир намуда, майли онҳоро ба ҳалли мушкилот меафзояд. Ба хотири таъмини сулҳ, ваҳдати мардум 25 ноябри соли 1992 қумандонҳои саҳроӣ бо даъвати Сарвари миллат ба Хуҷанд ҳозир шуданд.Барои мусоидат ба сулҳ як силсила қонунҳо: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ба ҷойҳои истиқомати муқимиашон баргаштани гурезаҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухталиф ҷиноят содир карданд» қабул шуд. Рӯзи 25 ноябри соли 1992 сардорони гурӯҳҳои силоҳбадаст дар қасри Арбоб машварат намуда, ба созиш омаданд..

Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки нақши Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амалӣ гаштани қонуну қарорҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст.

Ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони ҳар яки мо сулҳи деринтизор омад. Харобаҳои ҷанг барқарор шуд, давлатҳои ҳамсоя, кишварҳои дуру наздик дасти мадад дароз карданд.Ба шарофати роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Сарвари давлат, Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Бо эътирофи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналмилалӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро пеш мебарад.

Имрӯз халқи тоҷик худшиносу худогоҳ аст. Оламиён ҳадафҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии моро пазируфтаанд. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ягонагию муттаҳидии моро таъмин месозад. Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои гуногун муайян намуда, силсилаи таклифҳои пурарзиш пешниҳод намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Имрӯз Тоҷикистон сарвари бузурги худ – Эмомалӣ Раҳмон дорад, ки ӯро дар дунё ба сифати сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ҳимоятгар ва муаррифгари миллати тоҷик дар арсаи олам, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мешиносанд ва эҳтиромашро қоиланд.

Баъди соҳиб шудан ба дастовардҳои беназир дар мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: «То даме, ки зиндаам, сипари Тоҷикистон ман ҳастам».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сар аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ ҳар қавлу савганде, ки дошт, ба сомон расонд.

Бобоева Р.М., дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ