ДАСТОВАРДҲО ДАР ЗАРФИ 31 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

212

Тоҳирова Раҷабмоҳ Сафаровна н.и.и., дотсент, мудири кафедраи омори факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ.

 Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид.

 Бо назардошти он, ки ин марҳалаи давлатдорӣ дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт, роҳбарияти давлату Ҳукумат ва сокинони шарафманди ин кишвари биҳиштосо камари ҳиммат баставу пайи ободии давлат кӯшиш ба харҷ доданд.

Давоми 31-сол Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати заҳмати софдилонаи асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши он, ки дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат анҷом дода шуданд, ба натиҷаҳои намоён ноил гардид.

 Татбиқи барномаи мукаммал, ки ислоҳоти куллии сиёсӣ ва ҳуқуқиро таҷассум менамуданд, барои рушди иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар, ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатӣ таъмин карда шуд.

Тавре маълум аст солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми мо марҳалаи бисёр вазнин ва озмоишҳои сангин буд.

Тоҷикистон дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд.

 Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона бо сарварии асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.

Дар як муддати кӯтоҳ на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангӣ бартараф карда, сулҳу субот дар мамлакат барқарор гардид, балки барои пешрафти бомароми кишвар асоси мустаҳкаму боэътимод гузошта шуд.

 Ҳоло бо ифтихору сарфарозӣ метавонем иброз намоем, ки ҳамаи корҳои бузурги созандагӣ, ки то имрӯз дар Тоҷикистони ободу озод амалӣ карда шудаанд, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом дода шудаанд.

 Зеро истиқлолият барои мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.

 Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26-уми декаьри соли 2021 ироа шуд дастовардҳои соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

 Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.

Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

 Соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муассир дошта таъсиси корхонаҳои нав, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, афзун намудани номгӯи маҳсулоти рақобатпазир ва баланд бардоштани иқтидори содироти маҳсулот ба некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард. 

Бо бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ ва истифода аз иқтидорҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бамаротиб афзоиш ёфта, дар ин замина имконияти зиёд баҳри рушди минбаъдаи соҳа ба вуҷуд омад.

Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми моҳи декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии мамлакат, бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.

Ҳамчунин барои татбиқи самарноки ин ҳадаф солҳои 2022-2026 солҳои рушдис аноат эълон карда шуд, ки ин омил боиси рушди иқтисоди миллӣ мегардад.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид шудааст ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид.

Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

 Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав- литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.

 Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Давоми инак нуҳ моҳи соли равон низ дар соҳаи маорифи мамлакат пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла санаи 31-уми август ва 1-уми сентябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои нави таълимӣ ба истифода дода шуданд.

 1 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Маросими ифтитоҳи мактабҳои нав бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба таври маҷозӣ сурат гирифт, ки баёнгари таваҷҷӯҳи ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа мебошанд.

Ҳамин тавр дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои нави таълимӣ ба истифода дода шуданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ”дар ноҳияи Сино, оғози сохтмони бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём”, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 ва дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 низ аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки дар инс амт анҷом дода шуданд.

Иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ва ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ натиҷаи таваҷҷӯҳи хоссаи роҳбари давлат ба соҳаи маориф аст.

 Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар хотирнишон месозам, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд барои ҳифзу нигоҳдории давлати навини тоҷикон, пешрафту ободии сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва эҳё намудану гиромӣ доштани арзишу суннатҳои миллӣ саҳми бесобиқа гузоштанд.

Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он, ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми кишвар масъулияти азимеро низ мегузорад.

Яке аз омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.