Дастоварди илмӣ

202

Донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 1-31030601-кибернетикаи иқтисодӣ Неъматзода Бадриддин Шариф ғолиби даври донишгоҳии Олимпиада оид ба бехатарии молиявӣ гардида буд. Мавсуф дар даври финалӣ, ки дар ш. Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид фаъолона ширкат карда, сазовори ҷои дуюм ва дипломи дараҷаи дуюм гардид. Бояд қайд кард, ки мавсуф таҳти роҳбарии н.и.и., дотсент мудири кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ Табарзода Орифҷон Сайдалӣ ба ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ омодагӣ гирифтааст.

Садорат ва ҳайати устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ донишҷӯ Неъматзода Бадриддин Шарифро бо ин дастоварди сатҳи байналмилалӣ табрику шодбош мегӯянд.

Садорати факултет ва аъзоёни кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ ва иқтисоди рақамӣ барои ғолиби олимпиадаи сатҳи байналмилалӣ гаштани донишҷӯи факултет раёсати донишгоҳро табрику шодбош гуфта, барои фароҳам овардани шароити мусоид доир ба омодагӣ ба олимпиада изҳори миннатдорӣ менамоянд.