ХАБАРГИРИИ САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ БАҲИСОБГИРӢ ВА ИҚТИСОДИ РАҚАМИИ ДМТ АЗ ХОБГОҲҲО

43

Санаи 18.10.2024 аъзои садорати Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ҳамаи муовинони декан) ва раиси шурои методии факултет ба хобгоҳҳои рақами 7 ва 8 – ДМТ сафарбар гардида, аз тарзи зисту зиндагонии донишҷӯён хабар гирифта, ҷаласаи озод баргузор намуданд. Дар рафти сӯҳбат бо донишҷӯён оид ба масоилиҳои гуногун суҳбати озодона баргузор гардида, пешниҳодҳо ва тавсияҳо ироа гардиданд.