Конференсияи ҷумҳуриявии амалӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои ташаккулёбӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон”

190

Ҷараёни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии амалӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои ташаккулёбӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ

Санаи 18.11.2022 дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ дар доираи чорабиниҳои илмии донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва институтҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, доир ба мавзӯи кори конференсия бо маърӯзаҳо ибрози андеша намуданд. Маърӯзаҳои пажӯҳишгарон, ки дар мавзӯҳои мубрами иқтисоди рақамӣ таҳқиқ шуда буданд, мавриди муҳокимарониҳо ва саволу ҷавоб қарор гирифтанд. Дар натиҷа мушаххас карда шуд, як қатор мушкилиҳо аз қабили суръати сусти интернет ва нархи гарони он дар кишвар, муамммоҳои омодакунии мутахассиссони соҳаи иқтисоди рақамӣ ва базаи нокифояи моддию техникӣ дар кишвар сабаби суст рушд кардани иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва тиҷорати электронӣ дар муқоиса бо кишварҳои ҳамҷавор гаштааст. Аз натиҷаҳои кори конференсия ба вазорату идоаҳои дахлдор таклифу пешниҳодҳо ва хулосаҳои натиҷаи кори конференсия манзур карда мешавад.