КОНСТИТУТСИЯ – НИШОН АЗ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁР

187

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз6 ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст.

Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.

Ин нукта дар ҳамоиши факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ аз ҷониби устоди ДМТ Ҷамолиддин Шарипов мавриди барасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он устодон ва донишҷӯёни факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд.