МАҲФИЛИ ҶИД-И КАФЕДРАИ КИБЕРНЕТИКА ВА ИҚТИСОДИ РАҚАМИИ ФАКУЛТЕТИ БАҲИСОБГИРӢ ВА ИҚТИСОДИ РАҚАМИИ ДМТ

109

Баргузории маҳфили ҶИД-и кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Хушбахтона дар кори семинари кафедра меҳмонони олиқадр дар шахсияти Ректори донишгоҳ мӯҳтарам Хушвахтзода Қ.Х. ва дигар намояндагони сохторҳои илмӣ ҳозир шуданд, ки боиси сарфарозии устодону донишҷӯён гардид. Дар кори семинар-маҳфили ҶИД устодон Абдулмуминзода Н.А., Ҳофизов Ҳ.А., Табарзода О.С., Алимардонов Т.А. ва Сатторов А. ва донишҷӯён баромад намуда, баҳсу мунозираи ҷолиб ба вуқуъ пайваст. Боиси қайд аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ дар доираи нақшаҳои кафедраҳои факултет, пайваста ва ба таври доимӣ, пеш аз ҳама барои ривоҷу равнақ додани маҳоратҳои касбию амалии донишҷӯён муфид мебошад.