МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД ДАР ИҶРОИ ВАЗИФА

206

Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи вохӯриҳо бо устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ мулоқот намуда, масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор дод.

Муносибату муоширати коллективи факултет, интизоми меҳнат, давомоти донишҷӯён, тақсими дурусти соатҳои фаъолу ғайри фаъол, назорати раванди таҷрибаомӯзӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ, навиштани китобҳои дарсӣ барои гурӯҳҳои забони русӣ, ҷараёни корҳои курсию дипломӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар раванди илму таълим, баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, ташкили корҳои тарбиявӣ ва ғ..

Ректори донишгоҳ дар робита ба масъалаҳои мазкур бо тафсил суханронӣ намуда, аз фаъолияти баъзе сохторҳои факултет изҳори нигаронӣ намуд. Дар зимн ҷиҳати беҳтар гардидани фаъолияти факултет ба масъулин дастурҳои мушаххас дода, дар иҷрои вазифаҳои хеш масъулияти баланд талаб кард.