МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНА ВА ҲАСАНАИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

193

Ҳангоме, ки Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихобнамудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва онро эътироф кард.Тоҷикистон Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобад. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар таъмини суботу амнияти глобалӣ нақши созанда дорад.Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегиранд. Агар мо ба таърихи муосири ин муносибат назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.

Ҳамдастии ду кишвар айни замон сохтори такмилёфтаеро мемонад, ки ба заминаи мустаҳками сиёсиву иқтисодӣ такя намуда, густариши босуръати ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар ҳама арсаҳои ҳаёт таъмин мекунад.

Дар чунин шакл сурат гирифтани равобити байни ду кишвар ҷавобгуи манфиатҳои дарозмуддати милливу муштараки мо буда, ба таҳкими суботу амният ва рушди минтақа мусоидат мекунад. Зиёда аз ин, он дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои фарохмиқёси моро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, амният ва чандин соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муайян менамояд. Бо тақвият ёфтани муносибатҳои гуногунҷанба ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин аҳаммияти робитаҳои фарҳангиву гуманитарии ду кишвар низ дучанд меафзояд.

Ҳамкорӣ ва дўстии Тоҷикистону Чин бо тамоюли зичи робитаҳо дар сатҳи баланд ва заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ тавсифёбӣ мешавад. Заминаи ҳуқуқии робитаҳои дуҷониба зиёда аз 200 шартномаву созишномаҳои соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад. Аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои асосӣ ин Эъломияи муштарак оид ба принсипҳои асосии ҳамкориҳои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (ш. Пекин, 9 марти соли 1993), Созишнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ (ш. Пекин, 15 январи соли 2007) ва Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид барқарор кардани муносибатҳои шарокати стратегӣ (ш. Пекин, 20.05.2013) ба шумор мераванд.

Ҳамзамон, ифтитоҳи «Маркази табодули фарҳангӣ» ҳамчун идомаи амиқи анъанаҳои бисёрасраи самимона ва дӯстонае, ки ҳамеша кишварҳо ва мардумони моро ба ҳам мепайвандид, метавон арзёбӣ намуд. Дар ин иқдом мо идомаи амиқи анъанаҳои бисёрасраи самимона ва дӯстонае, ки ҳамеша кишварҳо ва мардумони моро ба ҳам пайваст менамуд, мебинем. Албатта, ин аз хусусиятҳои хоси муносибатҳои Тоҷикистону Чин шаҳодат медиҳад. Мо аз он муътақидем, ки «Маркази табодули фарҳангӣ» ва ташкили кори он, бешубҳа, ба рушди ҳамкории гумнитарӣ мусоидат хоҳад кард. Боварӣ кардан мумкин аст, ки ба фаъолияти ин Марказ ҷавонон, ходимони ҷамъиятӣ, ходимони фарҳангу маориф ва санъати ҳарду кишвар ҷалб мегарданд ва ин боиси тавсеаи ҳамкории нек дар соҳаи фарҳангию​ гуманитарӣ мегардад. Маҳз аз ҳамин гуна ташаббусҳо ва чунин лоиҳаҳо шарикии стратегии кишварҳои мо гузошта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар асоси бурсияҳо ва стипендияҳои аз ҷониби Ҳукумати Чин ҷудошаванда ва бо роҳҳои хусусӣ чандин донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсили илм мекунанд. Дар ин ҷода, албатта, афзалият маҳз ба ҳамон ихтисосҳое дода мешавад, ки барои рушди Тоҷикистони муосир, иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ зарур ҳастанд.

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забони чинӣ, фарҳангу санъат ва театру кинои Чин рўз аз рўз афзун гардида истодааст. Чунин тамоюл ҳамчунин дар Чин дар самти омӯзиши забони тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик мушоҳида мегардад. Дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Пекин забони тоҷикӣ омӯзонда мешавад, инчунин, дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Шанхай омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Донишгоҳи омӯзгории Синтзян Маркази омӯзиши Рӯдакӣ, дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнсӣ Маркази тадқиқотии омӯзиши таърихи Тоҷикистон​ ва дар назди Донишкадаи саноатии касбӣ-техникии Чанҷоу Маркази тадқиқоти Тоҷикистон амал менамояд. Ин омил ҳамчунин саҳми муҳим дар ояндаи муваффақ ва устувори муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин мебошад.

Ҳамаи инро ҷонибҳо ҳамчун падидаи мусбате, ки барои боз ҳам наздиктар намудани мардумони ду кишвар ва абадӣ гардонидани дӯстӣ мусоидат мекунанд, арзёбӣ менамоянд. Ин дастоварди умумӣ мебошад, ки мо ҳуқуқ дорем бо он ифтихор кунем ва онро беш аз пеш афзоиш диҳем.

Имрӯзҳо муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Чин дар асоси шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин шакли ҳамкорӣ метавонад танҳо бо такя ба дастовардҳои маънавии кишварҳои мо ва таҳкими иттиҳоди фарҳангии мардумон ба таври кофӣ устувор бошад. Маҳз дастовардҳо ва имкониятҳои маънавӣ захираҳои бебаҳое мебошанд, ки бе инобати онҳо ба сатҳи нави пурмуҳтавои ба ояндаи стратегӣ нигарондашуда баровардани ҳамкорӣ миёни кишварҳо душвор мебошад.

Тоҷикистон ва Чин – кишварҳои мероси бузурги фарҳангӣ мебошанд ва маҳз ин омили заминавӣ бояд барои наздикшавии минбаъда мусоидат намояд. Ҷаҳони имрӯза бояд кашф кардани тафаккур ва табиати аслии мардумони моро, ки намояндагони сарчашмаҳо ва арзишҳои баланди тамаддунӣ ва фарҳангӣ, мардумони оқил ва дӯст, меҳмоннавоз ва руҳан қавӣ мебошанд, идома диҳад.

Боварӣ ва итминони комил ҳаст, ки аз пештара дида бештар дар фазои фарҳангӣ ва дар воситаҳои ахбори омма инъикос гардидани симои аслии маънавию фарҳангии мардумони ду кишвари ба ҳам дўст бисёр муҳим мебошад. Ин симо бо маънавиёти баланд ва бо ҳикмати зиндагӣ санҷидашуда, инчунин бо такя ба арзишҳои бебақои фарҳанги анъанавӣ тавсиф меёбад.Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои дӯст ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд. Имрўз ҷонибҳо аз ҳамгироиҳои мутақобилан судамнд бархурдоранд. Ҷумҳурии Мардумии​ Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар таҳким ва густариши робитаҳои дӯстона бо​ Тоҷикистон аҳамияти хосса медиҳад. Итминон дорем, ки муносибатҳои дўстонаи дуҷониба дар доираи ташаббуси «Як камарбанд-як роҳ», ки ҳадаф аз он ба ҳам овардани инфрасохтор ва рушди иқтисоди саросарӣ мебошад, хуб ба роҳ монда шуда, баҳри густариши ҳамкории минбаъда саъю кӯшиш хоҳем кард.

Абдулмуминзода Н.А., декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ