ОМОДАГИҲО БА НИМСОЛАИ ДУЮМИ ТАҲСИЛ

224

Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздидҳои ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва вохӯриҳои корӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз баҳри омодагӣ ба нимсолаи нави таҳсил боздиди навбатии ректори донишгоҳ аз биноҳои таълимии факултетҳои иқтисодии донишгоҳ: факултетҳои баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ва иқтисод ва идора роҳандозӣ шуд. Ҳамзамон, дар самти пешбурди фаъолияти самтҳои гуногуни факултетҳои зикршуда вохӯрии ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандон доир гардид.

Ректори донишгоҳ ба устодону кормандони факултетҳои мазкур дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш бурдани корҳои илмию таълимӣ, тарбия ва равобити байналмилалӣ, омода намудани мутахассисони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, таҳияи дастуру китобҳои таълимӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дифоъи рисолаҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба пажӯҳиши илмии бунёдӣ, ҷоннок намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва омӯзиши самтҳои муосири иқтисоди миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.