• Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 4
Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-25010800- баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадзода Султон Муҳаммад дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, дар ду озмун, якум озмуни "Qualifying Debate Tournament" ва дуюм озмуни "National Debate League Grand Final 2023" иштирок намуда, дар ҳарду номинатсия...
Истиқлол бо тамоми ҷанбаҳояш падидаи арзишманд ва дурахшон барои ҳар миллату халқият маҳсуб меёбад. Он имкон медиҳад, ки миллат аз асорату маҳдудият ва раванди косташавии нуфузаш дар ҳудуди муайян раҳо ёбад. Таҷрибаи ҳаёти миллату халқҳои алоҳида нишон медиҳад, ки дар роҳи ба даст овардани соҳибихтиёрӣ то имрӯз...
Сохтмони НБО-и Роғун калонтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки оғози кор дар неругоҳ соли 1976 шуру гардида аст. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат буда, баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як...
Барои миллати соҳибихтиёру соҳибистиқлол нодиртарин падида дар роҳи амалишавии ҳадафҳои стратегӣ баҳри таҳкими давлатдории миллӣ ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ваҳдат дар умум муттаҳидӣ, сулҳу салоҳ, суботи сиёсӣ, амният, ҳамдигарфаҳмӣ, дар роҳи рушд ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ будан аст. Ваҳдати миллӣ хоси миллати мутамаддину бофарҳанг ва таҷрибадору озодманиш аст. Нодиртарин шаклҳои ваҳдат – ваҳдати миллӣ аст, ки миллатро новобаста аз маҳал, қавм, мазҳаб ва...
Бозии шоҳмот ифодагарӣ азму иродаи қавӣ барои пирӯзӣ бар рақиб буда, ҳамчун воситаи варзиши тафаккур ва фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш мебошад. Эмомалӣ Раҳмон. Сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси рушду нумуи бозии шоҳмот дар кишвари азизамон гардидааст. Ташкили ҳамасолаи чемпионати Ҷоми Пешвои миллат оид...
Бо ҳидоят ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули 31 соли истиқлолият як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар...
Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи Осиё оид ба як ҳарбаҳои шарқӣ (рукопашный бой) баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур варзишгари яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди варзиш, ҳамзамон, донишҷӯи курси якуми ихтисоси аудит ва ревизияи факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллӣ Раҳмонализода Эмомалӣ дар вазни то 60 кг иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Бознашр аз сомонаи ДМТ.
Дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демкоратӣ ва шаҳрвандӣ нақши ҷавонон бағоят бузург аст. Аз ин рӯ истифодаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар раванди рушди давлатдорӣ саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ мегардад. Бо назардошти саҳифаҳои таърихи сипаринамудаи миллати тоҷик метавон қайд кард, ки ҷавонони Тоҷикистони муосир, махсусан зодагони даврони истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи хушбахтарин инсонҳо ба ҳисоб мераванд....
Таҳлили вазъи ҷомеаи инсонӣ собит месозад, ки дар баробари ташаккул ва рушди падидаҳои нодир, ҳамчунин падидаҳои номатлуб низ ба вуҷуд омада, садди роҳи инкишофи босуботи ҷомеа мегарданд. Чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз инсониятро баъзан хатарҳое таҳдид менамоянд, ки он маҳсули тафаккури гурӯҳи муайяни ҷомеа буда, манфиатҳои аксариятро поймол месозад. Имрӯз ҳар давлати миллӣ ва рӯ ба рушдро чунин хатарҳое таҳдид менамояд,...
Имрӯз дар заминаи факултетҳои иқтисодии ДМТ вохӯрии намояндагони Донишгоҳи давлатии Мордовия бо ҳайати устодон ва профессорони ихтисосҳои иқтисодии ДМТ баргузор гардид. Ҳайати вакилони Университети давлатии тадкиқотии миллии Мордва ба номи В. Огарева: Салимова Татьяна Анатольевна — директори донишкадаи иқтисод, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор; Бусалова Светлана Геннадьевна — ҷонишини директори донишкадаи иктисод оид ба корҳои илмӣ, номзади...

Эълонҳо