• Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 9
Донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 1-31030601-кибернетикаи иқтисодӣ Неъматзода Бадриддин Шариф ғолиби даври донишгоҳии Олимпиада оид ба бехатарии молиявӣ гардида буд. Мавсуф дар даври финалӣ, ки дар ш. Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид фаъолона ширкат карда, сазовори ҷои дуюм ва дипломи дараҷаи дуюм гардид. Бояд қайд кард, ки мавсуф таҳти роҳбарии н.и.и., дотсент мудири кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ...
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Боиси хушнудист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем. Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ – арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам...
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сию як сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати...
Тоҳирова Раҷабмоҳ Сафаровна – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи омори факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ.  Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид.  Бо назардошти он, ки ин марҳалаи давлатдорӣ дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди...
Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҳар оилаи кишвар туҳфа намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 баргузор намудани Озмуни...
Ба самъи устодон ва кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ расонида мешавад, ки рӯзҳои 20–ум ва 27-уми сентябри соли 2022 аз соати 14.00 то 16.00 дар ошёнаи якуми факултет, дар толори Шӯрои диссертатсионӣ (утоқи 102) семинари илмӣ - назариявии «ТОҶИКОН: САРЧАШМАИ ХУДШИНОСӢ ВА АСОЛАТИ...
Имрӯз (13.09.2022) бо мақсади рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ намояндагони ҶСК “Бонки Эсхата” бо роҳбариии сардори департаменти Маркетинг ва рушди бонки мазкур Исматуллоев Фурқатулло ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ, Абдулмуминзода Н.А. мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти дастгирии донишҷӯён ва баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо...
Дар шароити имрӯза ҷомеаи ҷаҳонӣ бо душмани наве рӯ ба рӯ гардидааст, ки хеле хатарнок мебошад. Номи он терроризм буда, фаъолияти он ҳамеша ба ҳадафҳое ба монанди харобкорӣ, қатлу куштор, зӯроварӣ ба хотири тағйирдиҳии шаклҳои идоракунии давлатӣ, сохти давлатӣ-сиёсӣ ва барҳам задани фаъолияти сохторҳои давлатӣ равона гардидааст. Ҳамакнун, терроризмро метавон ба унвони «вабои асри XXI» ташбеҳ...
Табрикоти декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ, Абдулмуминзода Н.А. ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Устодону ҳамкорон ва шогирдони азиз! 31 сол ин ҷониб мардуми шарафманди тоҷик аз самараи Истиқлол бархурдоранду бо дастони худ иморати муҳташами давлати...
Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонони кишвар хеле муҳим маҳсуб меёбад, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми...

Эълонҳо