• Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 10
Ваҳдату дӯстӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвари мо қатъи назар аз ҳама ҷузъиёт (миллат, маҳал, дин, мазҳаб, синну сол, сатҳи иҷтимоӣ ва ғ.) арзиши баланд пайдо намуда, барои халқи тоҷик ба як омили устувори муҳимми пешрафту шукуфоӣ табдил ёфт. Бидуни шак, сархати ҳама пешрафтҳои имрӯзаи ватани моро сулҳу ваҳдате ташкил медиҳад, ки бо шарофати роҳнамоиву садоқати Пешвои миллат,...
Ҳангоме, ки Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихобнамудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва онро эътироф кард.Тоҷикистон Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобад. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ...
Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи вохӯриҳо бо устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ мулоқот намуда, масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор дод. Муносибату муоширати коллективи факултет, интизоми меҳнат, давомоти донишҷӯён, тақсими дурусти соатҳои фаъолу ғайри фаъол, назорати раванди таҷрибаомӯзӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ, навиштани китобҳои дарсӣ барои гурӯҳҳои забони русӣ, ҷараёни корҳои...
Роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар робита ба бандҳои мухталифи "Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" чораҳои зарурӣ андешида, миёни устодону донишҷӯёни донишгоҳ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намудааст. Ҳамин аст, ки бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси шуъбаи тарбияи донишгоҳ як зумра вохӯриҳои судманд доир мегардад. Аз ҷумла, имрӯз (13.04.2022) чунин вохӯрии...
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ имрӯз (24.02.2022) миёни Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи молияи Федератсияи Русия дар робита ба мавзӯи баҳисобгирии идоракунӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, хусусиятҳои баҳисобгирии идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ конференсияи байналмилалии онлайнӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, дар робита ба муҳиммият ва мушкилоти баҳисобгирии идоракунӣ суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд. 1. Истифодаи технологияи информатсионӣ дар ҷараёни таълим. 2. Ба донишҷӯён шинос намудани номгӯйи ҳуҷҷатҳои вобаста ба молияву муҳосибот. 3. Ташкили семинарҳои омӯзишӣ дар робита ба нақшаи таълимӣ ва...
Имрӯз (23.09.2021) бо ташаббуси кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар арсаи сайёҳии байналмилалӣ» мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт. Мавсуф афзуд, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мавқеи...
Боиси сарфарозист, ки дар давраи 20 соли фаъолияти худ Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамчун як ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккулёбии худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намудааст. Дар ин муддат Созмон тавонист, ки тамоми масъалаҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро аз сиёсат то амният, иқтисодиёт то ҳамкории гуманитарӣ фаро гирад. Фаъолияти СҲШ...
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
ТАБРИКОТИ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!  Оғози соли нави хонишро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Соли нави таҳсил бо таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Воқеан...

Эълонҳо